Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ
single-product

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ

2025-06-12 17:32:22

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ доир ба Ваҳдати миллӣ таъкид намуданд: “Ваҳдати миллӣ рамзи истиқлолу озодӣ ва кафили рушди босуботи давлатдории тоҷикон мебошад”.

Таърихи давлатдории тоҷиконро дар солҳои 90-уми асри ХХ рӯйдодҳои талху душворе ҳамроҳ буд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ҳамчун як кишвари мустақил ба роҳи нави сиёсӣ ва иқтисодӣ қадам гузошт.

Солҳои аввали истиқлолият кишвари мо гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки оқибатҳои харобиовар дошта, ба Тоҷикистон зарари бузурги моддӣ ва маънавӣ овард. Дар натиҷа садҳо ҳазор нафар макони зисти худро тарк намуда рӯ ба муҳоҷирати иҷборӣ оварданд ва ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд.

Бунёдҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ хароб гардиданд. Мардуми Тоҷикистон дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳо ба хубӣ дарк намуданд, ки танҳо тавассути Ваҳдат метавон истиқлолият, амният ва рушди устувори ҷомеаро таъмин намуд.

Дар чунин шароити мураккаб ва ҳассос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат бо ҷасорату боварӣ қадам ба арсаи сиёсӣ гузоштанд. Дар ин раванд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидии беназир ва таърихиро иҷро намуда, аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ барои тарафҳоро сари мизи музокирот овардан талош варзиданд. Хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик муваффақ гардиданд. Бо ташаббуси Пешвои миллат гуфтушунидҳо оғоз ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27- июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, Тоҷикистон ба ҷанги дохилии панҷсолаи харобиовар нуқта гузошт ва ба марҳилаи созандагӣ ва бунёдкорӣ ворид гардид.

Ин санад намунаи нодири ҳалли мусолиҳатомези низоъҳои дохилӣ ва намунаи ибрат барои кишварҳои дигар гардид. Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз санаҳои муҳиму тақдирсози ҳалқаи тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон рӯзи 27 июн ҳамчун рамзи сулҳу оромӣ, ягонагии миллӣ ва оғози марҳилаи нави таърихии Тоҷикистони навин бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳо, чорабиниҳои оммавӣ ва мулоқоти ҷавонон бо собиқадорони меҳнат доир мешаванд.

Пешвои миллат бо иродаи қавӣ, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати оқилона тавонистанд, ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшида миллатро сарҷамъ намоянд. Ин санна на танҳо оғози марҳилаи нави таърихии Точикистон, балки рамзи ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва муттаҳидии мардуми Тоҷикистон гардид.

Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки кишвар аз нав обод шавад, роҳҳо, мактабу дабистонҳо, беморхонаҳо ва дигар инфрасохторҳои ҳаётан муҳим барқарор карда шуда, наврасону ҷавонон имкони таҳсил, фаъолият ва зиндагии осоишта пайдо намоянд. Ваҳдати миллӣ имкониятҳои беҳтарини рушди мамлакатро таъмин намуда, баъди ба даст овардани ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист аз бисёр мушкилиҳо, аз ҷумла иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳоӣ ёфта, барои некӯаҳволии мардум чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ба кишвари мо имкон дод, ки ба марҳилаи созандагӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими сулҳу субот ворид гардад. Раванди гузариш аз ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон яке аз намунаҳои камназири таърихӣ дар асри ХХ ба шумор рафта, имрӯз мардуми Тоҷикистон бояд қадри ин Ваҳдат ва суботро донанд, зеро он бо заҳмату ҷоннисориҳои зиёд ба даст омада, омили асосии пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз мебошад.

Пас аз барқарор гардидани сулҳ Пешвои миллат ба сохтани як ҷомеаи ваҳдатгаро, ваҳдатсаро ва муттаҳид рӯй оварданд. Пешвои миллат имрӯз на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки сармеъмори Ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик мебошанд. аҳдати миллӣ сутуни устувори давлати муосири тоҷик буда, ҳамчун яке аз арзишҳои олӣ ва муҳим барои рушди ҷомеа ва таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад ва гиромидошти ин арзиш қарзи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Имрӯз ваҳдати миллӣ на танҳо арзиши маънавӣ, балки заминаи асосии сиёсӣ ва иҷтимоии давлатдории тоҷикон гардидааст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бахусус ҷавонон масъуланд, ки ваҳдати миллиро ҳифз намуда, гиромӣ доранд, арҷ гузоранд, онро тақвият бахшанд ва бо зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ҳамчун мероси пурифтихор барои наслҳои оянда ба ёдгор гузоранд ва нагузоранд, ки сулҳу суботи кишвар зери хатар бошад.

Имрӯз мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунем, ки ин неъмати бебаҳо меваи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Танҳо бо нигоҳ доштани сулҳ, якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ метавонем, оянаи дурахшон ва ҷомеаи муттаҳидро бунёд намоем. Ваҳдати миллии тоҷикон барои давлатҳои дигар як рамзи мусбат ва намунаи ибрат гардид, ки чи гуна аз ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳо миллати тоҷик тавонист ба сулҳ ва якдигарфаҳмӣ ноил гардад. Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ҳамҷун кишвари сулҳофару сулҳҷӯ шинохта шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик арзиши муқаддас ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии давлат буда, танҳо бо роҳи дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттифоқ метавонем, барои рушду шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо саҳм гузорем. Миллате, ки дорои ваҳдату ҳамдилӣ ва якдигарфаҳмӣ мебошад, метавонад ҳар гуна мушкилоту таҳдидҳоро паси сар намуда, роҳи тараққиёт ва пешрафтро тай намояд. Дар Тоҷикистони азизи мо низ ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда дар ҳифзи якпорчагии давлату миллат дорад.

Умедҷон КЕНҶАЕВ,

сармутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита