
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ ҲАЁТИ МАРДУМИ САЙЁРА
2025-06-12 17:05:24
Таҳти ин унвон бо ташаббуси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи
шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ конфронси байналмилалӣ
баргузор гардид.
Дар конфронс раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,
академик Фарҳод Раҳимӣ , муовини аввали Кумита Баҳрулло Давлатзода, директори
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова дотсент Зоир Ғафурӣ, профессори
Коллеҷи Техас аз иёлати Мичигани ИМА Самариддин Афғонов, ректори Донишкадаи
рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе, профессор Зайниддин Мухторов, намояндаи
Ҷумҳурии Ҳиндустон Неҳра Раҷ, омӯзгори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар
Душанбе Тон Киеп, роҳбарону устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии
кишвар, омӯзгорон ва меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд.
Нахуст ба ҳамоиши байналмилалӣ директори муассиса дотсент Зоир Ғафурӣ ҳусни
оғоз бахшида, иброз дошт, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини
амният, субот ва рушди устувори Тоҷикистон ва ҳамзамон расидан ба мушкилоти
глобалӣ, аз ҷумла масоили об, иқлим, сулҳ ва инсондӯстӣ, шоёни таҳсину таҳқиқ
аст. Нақши ин абармарди миллат дар муаррифии миллати сарбаланду тамаддунофари
тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бузургу мондагор мебошад.
Академик Фарҳод Раҳимӣ дар суханронии худ иброз дошт, ки имрӯз инсоният дар
муқобили мушкилоти шадиде чун норасоии оби нӯшокӣ ва тағйирёбии иқлим қарор
дорад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои манобеи оби тоза ва ташаббускори масоили
об дар сатҳи байналмилалӣ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
нақши муассир бозида, тавонист таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳифзи муҳити зист
ва ояндаи кураи Замин ҷалб намояд. Бо ин мақсад бо пешниҳоди Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон
гардид ва дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир шуд, ки он боз
як иқдоми таърихии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти сайёра арзёбӣ мегардад.
Сипас, меҳмонон аз давлатҳои хориҷӣ, профессорон ва мутахассисони сатҳи
ҷаҳонӣ дар мавзуъҳои марбут ба амнияти экологӣ, сиёсати башардӯстона ва нақши
пешвоёни минтақавӣ баромад карда, ба иштирокчиён ғизои маънавӣ бахшиданд.
Боиси ифтихор аст, ки маҷмуаи пурмуҳтавои мақолаҳои илмии конфронс қабл аз
баргузорӣ ба табъ расида, ҳамчун як дастовези гаронбаҳои илмӣ ба иштирокчиён
тақдим гардид.
Дар интиҳои ҳамоиш, иштирокчиён ба кори конфронс ва маърузаҳои ироашуда
баҳои баланд дода, баргузории чунин чорабиниҳоро заминаи густариши ҳамкориҳои
илмӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди маърифат донистанд.
