Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > Нури бедорӣ дар тӯфони ҷанг: Ҳаёти пурифтихори Ҷаннат Раҳимова
single-product

Нури бедорӣ дар тӯфони ҷанг: Ҳаёти пурифтихори Ҷаннат Раҳимова

2025-05-09 20:38:30

"Садҳо зани тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бо ҷасорату матонат дар заводҳо, фабрикаҳо ва колхозҳо заҳмат кашида, саҳми арзандае дар пирӯзӣ гузоштанд".

Эмомалӣ Раҳмон

Дар қатори мардони далеру шуҷоъ, занони тоҷик низ дар сафи пеши мубориза бо фашизм истода, дар таъмини ғалабаи таърихии халқҳо бар фашизми гитлерӣ нақши назаррас ва пурарзиш бозиданд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 32 ҳазор зани тоҷик иштирок намудаанд. Аз ин шумора 350 нафар снайпер, 1420 пулемётчӣ, 435 телеграфчӣ, 3750 телефонист ва 4195 нафар тирандоз буданд. Ҳазорҳо нафари дигар ба ҳайси ҳамшираҳои шафқат дар хати пеш ва ақибгоҳ хизмат карданд.

Дар миёни ин фарзандони шуҷоъи миллат, ном ва шахсияти Ҷаннат Раҳимова бо меҳанпарастӣ, устуворӣ ва ҷоннисории беназире зикр мегардад. Ӯ яке аз чеҳраҳои дурахшони замони ҷанг ва бонуи бедордиле буд, ки тамоми ҳастии худро фидои миллату Ватан намуд.

Ҷаннат Раҳимова соли 1917 дар деҳаи Ёваи уезди Хуҷанд ба дунё омадааст. Дар солҳои гуруснагии даҳаи 1920, бо фавти падару модар, панҷ фарзанди хонавода бесаробон монданд. Ӯ аз хурдӣ бо зиндагии сахту душвор рӯ ба рӯ шуда, бо меҳнати ҳалол ва иродаи қавӣ роҳи пурпечу тобро тай намуд.

Пас аз як сол тарбия дар мактаби-интернати шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), соли 1935 ба курси омӯзгорӣ дар шаҳри Тошканд дохил шуда, баъдан таҳсилро дар Институти омодасозии омӯзгорон дар Ленинобод идома дод.

Солҳои 1939–1940 Раҳимова ба ҳайси инструктори Кумитаи шаҳрии комсомоли Ленинобод фаъолият карда, соли 1940 ба шаҳри Бухоро кӯчид. То соли 1942 омӯзгор ва корманди адабии рӯзномаи «Бухоро ҳақиқати» буд.

Соли 1942 ба зодгоҳаш баргашта, директори мактаби деҳаи Ёва ва ҳамзамон фаъолиятчии Кумитаи шаҳрии комсомол таъин гардид. Ӯ корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ бо садоқат ба роҳ монда, дар ҷалби ҷавонону занон ба фабрикаҳову корхонаҳо саҳми калон гузошт.

Мисли Ҷаннат Раҳимова, садҳо зани тоҷик дар ақибгоҳ бо иродаи қавӣ ва матонат дар заводҳо, фабрикаҳо, колхозу совхозҳо заҳмат кашида, дар таъмини фронт бо маводи ғизоӣ, либос ва дигар эҳтиёҷот саҳм гузоштанд.

Саҳми мардуми Тоҷикистон дар Ғалабаи бузург бар фашизм дар солҳои 1941–1945 бузург ва таърихист. Дар ин ҷанг 93 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон ҷони худро барои озодӣ ва адолат нисор карданд. Ном ва ёди онҳо, аз ҷумла Ҷаннат Раҳимова, то абад дар хотираи наслҳо боқӣ хоҳад монд.

Оқилова А. декани факултаи фанҳои гуманитарии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент