
ПЕШГИРИИ МАСЪАЛАИ ҶИНОЯТҲОИ ХУСУСИЯТИ КОРРУПСИОНИДОШТА БАРРАСӢ ГАРДИД
2025-05-06 15:04:23
5 майи соли 2025 бо иштироки васеи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ доир ба масъалаи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд, аз ҷониби намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласа бо иштироки Муқимӣ Нигора - Сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамдамзода Садриддин, Файзиддин Ҳусензода - нозирони калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурият, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса баргузор гардид.
Нахуст Сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора ба сухан баромада, аз ҷумла зикр кард, ки моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” як қатор мамониатҳоро муайян намудааст, ки дар мавриди мавҷуд будани ин мамониатҳо шахс наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъйин ё интихоб гардад.
Инчунин дар бораи ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркардашуда, ки доғи судӣ ҳисоб мегардад, дар бораи доғи судӣ доштан, оид ба ҷиноятҳои вазнин ва оқибати он, ҷинояти қасдан содиршуда маълумот дода, даъват ба амал оварданд, ки ҳар яки мо дар хизмат ба халқу ватани худ, ба касбу кор ва вазифаи худ содиқ бошем, меҳнати ҳалол намоем, ба корҳое, ки оқибаташ пушаймонии руҳиву ҷонӣ меорад, даст назанем. Мо, ки тарбиятгарем, бояд аввал мураббии ақли худ бошем ва фарзандони миллатро дар руҳияи созандагию ободкорӣ, покию поктинатӣ ва меҳнати ҳалол тарбия намоем.
Инчунин қайд гардид, ки тибқи талаботи қонуни мазкур шаҳрвандоне, ки ба кор муроҷиат намуда, қабул мегарданд, бояд ҳатман маълумотномаи надоштани доғи судӣ пешниҳод намоянд. Зеро тибқи талаботи сархати якуми қисми 1 моддаи 22 Қонуни болозикр бармеояд, ки агар шахс доғи судӣ дошта бошад, то мавриди тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бардоштани доғи судиаш наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё ба онҳо баробаркардашуда таъйин ё интихоб гардад.
Пас аз анҷоми ҷаласа бо дарназардошти пешниҳодҳои баррасишуда, қарор қабул карда шуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.