Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > САҲМИ ТОҶИКОН ДАР ҒАЛАБАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
single-product

САҲМИ ТОҶИКОН ДАР ҒАЛАБАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

2025-05-06 15:00:33

Ҳарчанд Ҷанги Якуми Ҷаҳон соли 1918 ба итмом расида буд, вале вазъи ҷаҳон беҳтар нагардид. Минбаъд на танҳо душмании давлатҳои бузурги капиталистии ҷаҳон бо Иттиҳоди Шӯрвӣ, ки Тоҷикистон низ аъзои он буд, сол то сол боло гирифт, балки зиддияти байни худи давлатҳои бузурги капиталистӣ ҳам дар авҷ буд.

Фашистон соли 1922 дар Италия ва соли 1933 дар Олмон ба ҳокимият соҳиб шуда, ташвиқоти ҷанги нави ҷаҳониро мебурданд. 25 уми ноябри соли 1936 давлатҳои Олмон ва Япония “Иттифоқи зиддикоммунистӣ ро имзо карданд, ки он ба муқобили ҳаракати коммунистии ҷаҳон нигаронида шуда буд ва соли 1937 ба он Италия низ ҳамроҳ гардид.

Ҳукуматдорони ҳамонвақтаи Англия, Франсия ва ИМА мехостанд, ки Олмони фашистӣ ҳар чӣ зудтар ҷангро бо Давлати Шӯравӣ сар кунад, зеро руҳияи бадбинии онҳо нисбат ба Иттиҳоди Шӯравӣ хеле зиёд буд. Бо ҳамин мақсад, сарварони ҳукуматҳои Англия, Франсия ва Италия 29 30 уми сентябри соли 1938 дар шаҳри Мюнхен бо канслери Олмон Гитлер вохӯрда, ба ӯ вилояти Судети давлати Чехословакияро “туҳфа” карданд, ки ин воқеа дар таърих ҳамчун “сӯиқасди Мюнхен” маълум аст.

Аммо 15 – уми марти соли 1939 Гитлер тамоми Чехословакияро забт намуд. Моҳи августи соли 1939 Иттиҳоди Шӯравӣ бо Олмони фашистӣ “Шартнома дар бораи ба муқобили якдигар ҳуҷум накардан” ро имзо карданд.

То якуми сентябри соли 1939 аксарияти давлатҳои Аврупо аллакай ба зери таъсири фашистони Олмон монда буданд. Минбаъд тамоми иқтисодиёт ва иқтидори ҳарбии ин давлатҳо ба манфиати Гитлер ва мақсадҳои забткоронаи ӯ нигаронида шуда буданд. 1 уми сентябри соли 1939 Олмони фашистӣ ба муқобили Лаҳистон (Полша) ҷанг сар кард. Лаҳистон, Англия ва Франсия иттифоқчӣ буданд. Бинобар ин ҳукумати ин давлатҳо 3 юми сентябри он сол ба муқобили Олмони фашистӣ ҷанг эълон карданд. Ҳамин тавр Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сар шуд, ки он то 2 –юми сентябри соли 1945, яъне то маҳви иттифоқчии Олмони фашистӣ Япония давом кард. Дар ин ҷанг 72 давлатҳои ҷаҳон иштирок намуданд, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳашон 110 млн нафар сарбозон сафарбар карда шуда буданд. Амалиётҳои ҷангӣ бошад, дар ҳудуди 40 давлатҳои ҷаҳон мегузашт.

Масъалаи сарҳадии байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлати Финландия яке аз масъалҳои душвортарин ба ҳисоб мерафт Иттиҳоди Шӯравӣ аз давлати Финландия талаб мекард, ки хати сарҳади худро аз шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт – Петербург) ба дохили давлаташ дуртар барад, аммо давлати Финландия ба ин розӣ набуд. Ниҳоят, 30 уми ноябри соли 1939 баҳси сарҳадии байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Финландия ба ҷанги байни онҳо оварда расонид. Дар ҳамин ҷанг фарзанди халқи тоҷик Неъмат Қарабоев шуҷоат нишон дода, на танҳо аз фиристодагони Тоҷикистон, балки аз тамоми Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аввалин шуда, ба гирифтани унвони баланд Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.

Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Саҳарии 22 юми июни соли 1941 Олмони фашистӣ, бе эълони ҷанг, аҳдшиканона ба ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Худи ҳамон рӯз иттифоқчиёни он, давлатҳои Италия, Финландия ва Руминия ҳам ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг эълон карданд. Якбора ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ қувваи хело бузурги душман 190 дивизияи иборат аз 5,5 млн нафар аскар ва афсарон, 3,7 ҳазор адад танк, қариб 5 ҳазор адад самалётҳои ҷангӣ, зиёда аз 47 ҳазор адад тӯп ва минамиётҳо нигаронида шуда буданд. Душман, аз баҳри Сиёҳ то баҳри Балтик якбора ба ҳуҷум гузшт. Яъне Олмони фашистӣ на танҳо иқтидори ҳарбии худ ва иттифоқчиёнаш, ҳатто қувваи давлатҳои забтнамудаашро низ ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ равона кард.

Аммо Иттиҳоди Шӯравӣ барои якбора баргардонидани чунин қувваи бузурги душман ҳанӯз пурра омода набуд. Новобаста ба ҳамаи ин, дар ҳамон лаҳзаи хело мураккаб мустаҳкамии иттифоқи байни халқҳои Шӯравӣ исбот гардид, зеро ҳамаи онҳо ҳуҷуми душманро ба хона ватани худ ҳисобида, якбора барои мудофиаи он бархестанд. Аз ҳамин сабаб ҳам ин ҷанг аз тарафи мардуми Шӯравӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади ҳимояи Ватан 30 уми июни соли 1941 бо саварии И.В. Сталин Кумитаи Давлатии Мудофиа ташкил карда шуд. Ба ихтиёри он тамоми ҳокимияти ҳарбӣ, сиёсӣ ва хоҷагии мамлакат гузашт. Минбаъд ташкилоту идораҳои тамоми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ, аз рӯйи супориши ҳамин кумита фаъолият мекарданд.

Дар асоси қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа аз 17 уми сентябри соли 1941 шаҳрвандони аз синни 16 то 50 сола ба ҷанг даъват шуданд. Тоҷикистон дар солҳои ҷанг зиёда аз 253957 нафар фарзандони худро ба фронтҳои ҷангӣ фиристод, ки аз ин шумора 90579 нафарашон аз майдонҳои ҷангӣ ба Ватан барнагаштанд.

Аз фиристодагони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди ҷангӣ Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд. Инчунин, боз 19 нафар аз фиристодагони Тоҷикистон бо се дараҷаи ордени Шараф сазовор шудаанд, ки онҳо ҳам дар қатори Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд. Масалан, корнамоиҳои Акбар Маҳмудов, Аҳмад Турдиалиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Тӯхтасин Мирзоев, Бакир Давлатов, Фатҳулло Аҳмадов, Исмат Шарипов, Сафар Амиршоев, Амиралӣ Саидбеков, Раҳимбой Раҳматов, Абдуназар Фармонқулов ва дигарон беҳтарин намунаи шуҷоату матонати тоҷикистониён ба ҳисоб меравад.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд.

Қобили ёдоварист, ки дар қатори мардон, занҳо низ дар фронтҳои ҷангӣ шуҷоату далерӣ нишон доданд, ки ба ин лётчик духтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, афсарони хизмати тиббӣ, Шаҳрӣ Ҳайдарова ва С.М. Ниёзова мисол шуда метавонанд. Масалан, лётчик духтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова ба муқобили душман 93 парвози ҷангӣ анҷом дода, ба ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Баъди он ки қӯшунҳои фашистӣ аз хоки мамлакати Шӯравӣ бароварда шуданд (аз моҳи марти соли 1944) руҳбаландии аскарони сурх дар маҳв намудани фашистони Олмон ҳадду канор надошт. Муҳорибаи шаҳри Берлин пойтахти Омони фашистӣ бошад, ки аз 16 уми апрел то 2 юми майи соли 1945 давом кард, бузургтарин муҳорибаи охири на танҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки умуман Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба ҳисоб меравад. 30 уми апрели соли 1945 қӯшунҳои Шӯравӣ Рейхстаги Берлинро гирифтанд. 2 юми май шаҳри Берлин, махсусан ба ҳуҷуми қӯшунҳои Шӯравӣ тоб наоварда, таслим шуд. 8 уми майи ҳамон сол дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистони Олмон имзо гардид. Ба ин муносибат 9 уми май Рӯзи ғалаба эълон гардид ва то ҳол қариб тамоми мардуми собиқ Шӯравӣ ин санаи бузурги таърихиро ҳар сол ҷашн мегиранд.

Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам қисми таркибии онро ташкил менамояд, боиси харобӣ ва қурбониҳои зиёд гардид. Дар ҷанг 50 55 млн нафар одамони ҷаҳон талаф ёфтанд. Аз ин миқдор 27 млн нафарашон дар фронтҳои ҷангӣ ҳалок шуда, боқимонда мардуми осоишта буданд. Талафоти танҳо халқҳои Шӯравӣ зиёда аз 20 30 млн нафарро ташкил медод. Дар ҳудуди 40 давлатҳое, ки амалиётҳои ҷангӣ мегузашт, махсусан дар сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ харобии ҷанг ҳадду канор надошт. Ободие, ки маҳсули меҳнати даҳсолаҳои инсоният буд, ин ҷанг ба хок яксон намуд. Бинобар ҳамин ин ҷангро дар таърихи инсоният харобиовартарин ҷанг ҳисоб мекунанд.

Номи фиристодагони Тоҷикистон бо шуҷоату матонати бемисли худ дар набардҳои ҷангӣ, ки синаи худро дар муқобили тири душман сипар карданд, дар саҳифаҳои дурахшони таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, ки боиси ифтихори насли ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон чун узви Иттиҳоди Шӯравӣ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ чӣ дар фронтҳои ҷангӣ ва чӣ дар ақибгоҳ саҳми бағоят бузурги худро гузоштанд.

Насли ояндасози моро зарур аст, аз шуҷоату матонат ва корнамоии тоҷикистониён дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дарси ибрат омӯзанд ва дар ҳифзи якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ҳушёру зирак бошанд. Зеро хатарҳои ҷаҳони муосир ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо моро аз ҳарвақта дида бештар водор месозанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем, то ин ки хатаре ба давлати соҳибистиқололи мо ва ба ваҳдату сарҷамъии миллати соҳибтамаддуни мо таҳдид нукнад.

Аминов Б. У., мудири кафедраи фанҳои гуманитарии

Коллеҷи тиббии Ҷуҳуриявӣ