Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БАРДОШТ АЗ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
single-product

БАРДОШТ АЗ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

2025-05-05 21:38:25

Тавре ба ҳамагон маълум аст, рӯзҳои 17-18 апрели соли равон бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024 - 2025 баргузор гардид.

Баргузории олимпиада аз фанҳои таълимии мазкур дар шароити имрӯз муҳим буда, ҳавасмандии донишҷӯёнро барои омӯзиши фанҳои таълимии таърихи халқи тоҷик, забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ бештар гардонд. Зеро тавре ки Пешвои миллат таъкид менамоянд, “Ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати худ вақте баҷову шоиста аст, ки онро донӣ, дарк кунӣ ва аз бурду бохташ огоҳ шавӣ.

Вагарна ифтихорат пучу бепоя аст ва ба ҷуз саргарангию гумроҳӣ ҳосиле нахоҳад дошт”. Дар воқеъ, иштироки донишҷӯён дар олимпиада аз фанниТаърихи халқи тоҷикшаҳодат дод, ки донишҷӯёни мо таърихи гузаштаи хешро ба таври амиқ медонанду дар бораи он он боифтихор суҳбат мекунанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар даври якуми олимпиада дар муассисаҳои 5500 нафар донишҷӯ иштирок намуда, 320 нафар ғолибони ҷойи якум аз муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Воқеан, дар замони имрӯз бо рушди бемайлони техникаву технологияи нав раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вусъат ёфта, омезиши фарҳангҳоро ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ, он миллатҳое, ки дар сатҳи пасти тафаккур ва маънавиёт қарор доранд, хоҳу нохоҳ гирифтори бегонапарастӣ гашта, аслу насаби хешро фаромӯш месозанд ва бад ин васила, аз саҳнаи пурталотуми таърих берун мегарданд. Бинобар ин, рӯй овардан ба омӯзиши таърих, ки пайвасткунандаи дирӯзу имрӯзу фардои миллат аст ва воқиф гаштан аз корномаи ниёгони худ ҳалқаи занҷираро бо ҳам пайваст намуда, мавҷудияти миллатро нигоҳ медорад. Беҳуда нест, ки бузурге гуфтааст: “Миллат ва халқе, ки таърихи худро намеомӯзад, аз он сабақ намегирад, парандаи нобиноеро мемонад, ки аз ошёнаи худ парвоз кардааст. Касе гуфта наметавонад, ки фурудгоҳи ӯ куҷост: болои об, шӯълаи оташ ва ё дарахти сарсабз…”.

Сарвари давлат омили рӯй овардани хешро ба таърих дар он медонанд, ки ҳамчун насли воқеии имрӯзаи ин миллат: “…мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем, зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад”. Аз ин рӯ, интихоби фанни таълимии мазкур дар олимпиада ва санҷиши дониши донишҷӯён бо саволҳои тестӣ аз рӯи он тадбири муҳим буд, ки амалӣ гашт.

Фанни дигари таълимие, ки дар олимпиада аз рӯи он санҷиш сурат гирифт, “Забон ва адабиёти тоҷикаст, ки донишҷӯён роҷеъ ба мавзӯъҳои мухталиф иншо навиштанд. Интихоби иншо ба сифати меъёри санҷиши дониш яке аз авлавиятҳои олимпиада буд, зеро маҳз иншонависӣ маҳорати эҷодкориро дар ниҳоди донишҷӯён ташаккул дода, боиси рушди забони модарӣ ва инкишофи нутқи онҳо мегардад.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки забон дар ҳамаи давру замонҳо ба инкишоф ниёз дорад. Забони модарии мо, ки аз замони устод Рӯдакӣ ҳамчун забони давлатдорию илму шеър оғоз гардидааст, имрӯз дорои хазинаи ғанӣ буда, бо захираҳои мавҷудаи он метавонанд ҳазорон асарҳо офарид. Инчунин, забон воситаи муомилаву муоширати байни одамон ва ибрози фикру андеша аст. Донистани забон ба кас имконият медиҳад, ки фикрашро озодона баён карда, роҷеъ ба мавзуъҳои гуногун эодкорӣ намояд.

Дар баробари донистани забони модарӣ, имрӯз омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ барои донишҷӯён шарти муҳимтарин аст. Аз ин рӯ, дар олимпиада аз забонҳои русӣв а англисӣ дар шакли диктант, нақли хаттӣ ва тарҷумаи матн санҷишҳо мавҷуд буданд.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳар як шаҳрванди кишварро вазифадор намуданд, ки забон омӯзад ва ҳамқадами замон бошад. Зеро дар шароити имрӯз инсон ҳамон вақт ҳамқадами замон шуда метавонад, ки аз фарҳангу маданияти худ ва дигарон огоҳ бошад.

Дар ин баробар ташкили хатсайри сайёҳӣ ба мавзехҳои ҷолиби ноҳияи Данғара ва Осорхонаи Пешвои миллат яке аз лаҳзаҳои хотирмони олимпиадаи мазкур буд. Тавре ки дар ин хатсайри сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар ноҳия мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ бо шарофати Истиқлоли давлатӣ аз нав барқарор карда шуданд, аз ҷумла мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ки ифодагари таърихи қадимӣ будани ноҳия мебошад, аз қабили Мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Қалъаи Золи Зар, Гавҳорасангҳо, Мавзеъи Чанорҳои Ҳазорсола, Расадхонаи Санглох, ъ Осорхонаи Пешвои миллат ва ғайраҳо, ки таҷассумгари санъати меъморӣ ва арзишҳои бойи таърихро дар худ инъикос менамоянд.

Дар маҷмӯъ, ташкили озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳру ноҳия ва минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ агар аз як ҷиҳат боиси таҳкими дӯстии донишҷӯёни кишвар гардад, аз дигар паҳлӯ, ба рушди сайёҳии дохилӣ замина мегузорад, зеро аксарияти донишҷӯён маҳз бо шарофати чунин сабқатҳо ба мавзеъҳои гуногуни кишвар сафар карда, бо таърих, имкониятҳои сайёҳӣ ва инфросохтори мавҷудааш шинос мешавад. Аз ин рӯ, пешниҳод дорем, ки дар оянда чунин озмуну олимпиадаҳо зиёд шуда, дигар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, тобеи марказ ва Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон аз рӯи фанҳҳои таълимӣ баргузор карда шаванд.

Акмал Оқилзода, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд