
ВОХӮРИИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО РАЙМУНДАС КАРОБЛИС
2024-07-17 15:03:00
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Раймундас Кароблис доир гардид.
Нахуст, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷаноби Раймундас Кароблис ва ҳайати ҳамроҳонашро ба Кумита хайрамақдам гуфта, дар бораи самтҳои фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ инчунин, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои мазкур маълумоти мушаххас дод.
Академик Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро ба сифати яке аз ҷузъҳои муҳими низоми маориф арзёбӣ менамояд, зеро ин зинаҳо тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро бо мутахассисони баландихтисос таъмин намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон саҳми бориз мегузоранд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади таҳкими фаъолияти босамар ва беҳтар намудани шароити таҳсил Кумита талош меварзад, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати навсозӣ, таъмиру тармим, таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳо, аз ҷумла бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонад.
Ҷаноби Раймундас Кароблис барои истиқболи гарму самимӣ ба роҳбарияти Кумита изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, изҳорӣ омодагии худро ҷиҳати таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо техникаву технологияи зарурӣ, асбобҳои аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ ва дастурамалҳои корӣ баёнд дошт.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкиму густашири бештари ҳамкориҳои муштарак ва истифодаи тамоми имконияту зарфиятҳои мавҷуда изҳор намуда, таъкид доштанд, ки баҳри расидан ба ҳадафу мақсадҳо дар ин замина талош хоҳанд кард.
Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар руҳияи созанда, ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо аз натиҷаи мулоқоти баргузоргардида ибрози қаноатмандӣ намуданд.


