
РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
2025-05-05 17:41:32
Соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими стратегии иқтисодиёт ва заминаи асосии рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад. Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар рушди ин соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Яке аз иқдомҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин сохтмони нерӯгоҳи бузурги обии “Роғун” мебошад. Ин нерӯгоҳ бо иқтидори умумии 3600 МВт тавоноии содироти миллионҳо кВт/соат нерӯи барқро дар сол дорад. Ҳукумати кишвар бо истифода аз тамоми захираҳои дохилӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ сохтмони иншооти мазкурро дар солҳои охир бо суръати баланд ба роҳ мондааст.
Ба истифода супоридани
ду агрегати аввали он далели муҳим дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии
Исломии Эрон ду нерӯгоҳи бузурги дигар - Сангтӯда -1ва Сангтӯда – 2 ро ба истифода додааст, ки нақши муҳимро дар таъминоти барқӣ иҷро мекунанд.
Бо назардошти аҳамияти ҳифзи муҳити зист ва талаботи ҷаҳонӣ ба энергетикаи сабз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
инчунин, таваҷҷуҳи зиёд ба рушди энергетикаи барқароршаванда (офтобӣ, бодӣ, биомасса) дода истодааст. Дар минтақаҳои дурдасту кӯҳистони кишвар, ки пайвастшавӣ ба шабакаи умумии барқ душвор аст, истифодаи панелҳои офтобӣ ва дигар таҷҳизоти инноватсионӣ ҷорӣ гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар самти иҷрои барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Барномаи рушди соҳаи энергетика то соли 2030
нақши фаъол мебозад. Дар доираи ин барномаҳо, тадбирҳои ҷиддӣ ҷиҳати беҳсозии шабакаҳои интиқол ва тақсими нерӯ, инчунин,
истифодаи технологияи муосир амалӣ шуда истодааст.
Дар сатҳи байналмилалӣ Ҳукумат дар ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷаҳонӣ, аз қабили Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёи Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низ фаъолона иштирок мекунад.
Лоиҳаи CASA –
1000, ки интиқоли нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ мекунад, намунаи муваффақи ҳамкории минтақавӣ ва эътимоди байналмилалӣ ба сиёсати энергетикаи Тоҷикистон мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар баробари пешбурди лоиҳаҳои ҷорӣ, ба самтҳои зерин низ аҳмияти бештар медиҳад: Ташаккули бозори рақобатпазири энергетикӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергия, ҷори намудани шабакаҳои интеллектуалӣ
(smart grid ), паҳн намудани технологияҳои тоза ва каммасраф.
Мақсади асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёҷи рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва кафолати амнияти энергетикии
мамлакат мебошад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти мамлакат бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика кӯшишҳои зиёд ва назаррас анҷом дода шуданд. Новобаста
аз корҳои анҷомдода, мутаассифона, сатҳи талафоти неруи барқ дар мамлакат нигаронкунанда мебошад.
Дар баъзе ҳолатҳо шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё
бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд.
Бо мақсади бартарафсозии ҳама гуна дахолатҳои беасос ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва вайронкуниҳои қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ 15 апрели соли 2025
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Тибқи тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Риоя
накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ»-ро дар
бар мегирад, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои
таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз
дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2025
75 сомонӣ муқаррар гардидааст,
ки муҷозоти ҷаримавӣ аз рўи ин нишондод ҳисоб карда мешаванд. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла:
— ба шахсони воқеӣ ба
андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1500
то 2250 сомонӣ;
— ба шахсони мансабдор
аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 2250
то 3750 сомонӣ;
— ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 15 000
то 22 500 сомонӣ.
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ инчунин ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ гардидааст.
Мақсади ворид намудани иловаи моддаи 2531
Кодекси ҷиноятӣ – ин пешгирии вайрон кардани қоида ва меъёрҳои қувваи барқ мебошад ва ҳангоми содир гардидани чунин ҷиноятҳо ба давлат ва ба мардум зарар расонида мешавад, чунки ҳангоми суиистифодаи нодурусти барқ, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ баъзе минтақаҳо дар фасли сармо бе барқ мемонанд.
Дар ин ҷо принсипи инсондӯстӣ ба инобат гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳгор имконият медиҳад, ки ислоҳ шавад ва танҳо агар гунаҳгор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро
содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад.
Ҳар истифодабарандаи қувваи барқ уҳдадор аст, ки таҷҳизоти ҳисоби барқиро бо тартиби муқарраргардида насб намуда, сипас ба истифодаи қувваи барқ шуруъ намояд. Аз ин рӯ, асбобҳои андозагирии барқӣ бояд
аз стандарти давлатӣ ва назорати техникӣ гузаронида шуда, бо гузоштани пломбаҳои муқарраршуда ва ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда шаванд. Истифодабарандагон ҳуқуқи худсарона ва бе риояи тартиби муқарраршуда кандани плобаҳои асбобҳои андозагирии барқиро надоранд.
Дар маҷмуъ, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи энергетика бисёр назаррас буда, он ба таъмини амнияти энергетикӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Таъмини истиқлолияти энегетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилаӣ – ҳамаи инҳо гувоҳи онанд, ки энергетика ҳамчун омили калидии рушди кишвар дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дорад. Бо чунин иқдомҳо Тоҷикистон метавонад дар оянда ба як
кишвари содироткунанди муҳими нерӯи барқ табдил ёбад.
Турахон Шарифов, устои таълими истеҳсолии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе