
ВОХӮРӢ БО АВВАЛИН ХАТМКУНАНДАҲО
2024-07-17 14:55:15
Дар толори Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтар бо аввалин хатмкунандагон вохурӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур Ашуров Ойбек - директори Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтар, муовинон, деканони факултаҳо, омӯзгорон ва хатмкунандагон ширкат варзиданд.
Ашуров Ойбек зимни баромади худ иброз дошт, ки тавре ба ҳамагон маълум аст Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтар, бо ташаббус ва ибтикори соҳибкори ватандуст Қаҳҳоров Қурбоналӣ ва бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.
Боиси хушнудист, ки айни замон баъди 3 соли фаъолияти худ Муаасисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтар аввалин хатмкунандагонашро барои хизматҳои шоиста ва ҳифзи солимии миллат раҳсипор намуд.
Дар ин роҳи пурмашақати илму дониш кормандони ин даргоҳ бо заҳмату талошҳои беназири худ саҳми босазои худро гузоштанд ва арзандаи таҳсину офарин ҳастанд.
Донишҷӯёни муассиса, ки аз ихтисосҳои "Кори ҳамширагӣ", "Кори фарматсевтӣ", "Кори табобати дандон" ва "Кори дандонсозӣ" имтиҳони давлатӣ супориданд бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳамчун мутахассиси хуб кору фаъолият хоҳанд кард.
Бо маҳорату малакаи дониши худ баъзе аз донишҷӯён сазовори "Дипломи сурх" гардиданд, ки ин боиси ифтихори ҳар як омӯзгори муассиса ба ҳисоб меравад.
Зимни вохурӣ аз ҷониби хатмкунандагон савганди тиббӣ ироа гардид.
Хатмкунандагон зимни савгандӣ тиббӣ миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта ваъда доданд, ки ҳамчун пайравони Синои бузург ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.


