Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!
single-product

ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

2024-07-17 14:48:32

    “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб, миллат надорад ва ба ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизму терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд”.
                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон
    Терроризм рӯйдоди хавфноки замони муосир аст, ки бо шаклҳои мухталиф доман паҳн мекунад. Ҳамлаҳои террористӣ хисороти зиёди ҷонӣ оварда, ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин хисороти молию маънавиро дар пай дорад. Терроризм хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид намуда, барои бартарафсозии оқибатҳои он баъзан ҳаёту зиндагии як насл камӣ мекунад.
     Ҳоло ҷаҳони муосир дар муқобили терроризм қарор дорад. Терроризм- силоҳи тарсу ваҳм, қатлу куштор ва нобудсозӣ гашта, дар фаҳмиши одамони ҷудогона ахлоқу фарҳанги заифро ба бор овардааст. Ҳоло терроризм бо он чеҳраи сиёҳе, ки дорад, дар ҷаҳон проблемаи рақами як қарор гирифта, ба ҳаёту мамоти одамон таҳдид мекунад. Қурбони терроризм метавонад ҳар инсоне, ки ба муноқишаҳо ягон муносибат ва ҳатто рабте надошта бошад, гардад.
    Хонандагон ва донишҷӯён дар дарсҳои тарбиявӣ бояд ҳадафҳои шуми террористонро дарк созанду фаҳманд. Барои ин омӯзгор метавонад аз маводи хеле зиёди илмӣ-таҳлилӣ, ки дар китобҳои алоҳида чоп шудаанд, истифода барад. Дар сайтҳои интернетӣ вобаста ба таърихи пайдоиши терроризм, ҳаракатҳои ба терроризм монанд ва ғайра низ фаровон ба чашм мерасад. Барои таъсирнок доир намудани ин мавзуъ филмҳои мустанади зиёде низ вуҷуд доранд, ки терроризму ифротгароиро фош мекунанд.
    Ба омӯзгорон лозим меояд, ки террористону ифротгароёнро ба хонандагону донишҷӯён муаррифӣ кунанд. Кистанд онҳо? Дар ин бобат месазад суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар боло зикр гардид, ҳамаҷониба шарҳ диҳем. Пешвои миллат ба амалҳои террористӣ ва шахсияти онҳо баҳои дурусту воқеӣ доданд. Террористон дин, мазҳаб ва миллат надоранд. Онҳо дар муборизаи худ аз тамоми роҳҳою имкониятҳо истифода мебаранд.
    Ҷавони босаводу худогоҳ, ки ватану миллаташро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ шомил намешавад. Ҷавононе майл мекунанд, ки аз таълиму тарбия дур монда, ҷаҳонбинӣ надоранд ва фирефтаи дурӯғу ваъдаҳои болохонадор мешаванд. Бинобар, ин мо-омӯзгорон вазифадорем, ки дар тарбияи маънавӣ ва ватандӯстии ҷавонон кӯшиши бештар диҳем, нагузорем, ки ягон нафар ҷавон аз таълиму тарбия дур ё дар канор бимонад. Он гоҳ бо боварӣ метавон гуфт, ки мо насли давронсози Ватан ва меҳандӯстро ба камол мерасонем.
Дилафрӯз Саидова, раиси Созмони ҷавонони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом