Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ! ДАВРИ НИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
single-product

ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ! ДАВРИ НИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

2025-04-15 17:11:38

Рӯзҳои 17-18 апрели соли равон дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024-2025 баргузор мешавад.

Даври якуми олимпиада моҳи март дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки беш аз 5000 донишҷӯ баргузор шуда, ба даври ниҳоӣ 322 нафар ғолибони ҷойи 1-ум аз 85 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоӣ беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардида, ба ғолибон Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки олимпиада бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.