Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КАСБҲОИ СЕРТАЛАБГОРТАРИН КАДОМҲОЯНД?
single-product

КАСБҲОИ СЕРТАЛАБГОРТАРИН КАДОМҲОЯНД?

2025-04-13 07:13:24

Касби идеалӣ онест, ки соҳибкасб онро дӯст медорад, ба он майл дорад ва ҳамзамон, дар бозори меҳнат бо ин ихтисосаш қадршиносӣ мешавад. Дар ин матлаб кӯшиш кардем дар такя ба оморҳои ҷаҳонӣ таҳлил намоем ,ки имрӯз кадом касбу пешаҳо серталабгоранд.

Касбҳои серталабгор:

Мутахассиси IT-барномасоз;

Муҳандис-технолог;

Корманди миёнаи тиб;

Кишоварз-агроном;

Ронанда;

Мутахассиси IT-барномасоз

Дар асри рақамӣ моро аслан сомонаву барномаҳо иҳота мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҷаҳон пайваста ба мутахассисоне ниёз дорад, ки ин сомонаву барномаҳоро месозанд ва фаъолияташонро пайваста такмил медиҳанд. Ҳамин тавр, IT соҳаест, ки дорои ихтисосҳои гуногун буда, рисолати ҳамаи онҳо кор бо системаи компютер ва забонҳои сомонаву барномасозӣ мебошад.

Имрӯз мутахассисон метавонанд дар ин соҳа пули хуб ба даст оранд, зеро дар бозори IT-и ҷаҳон ва кишвари мо ҳанӯз ҳам норасоии кадрҳо дар ин самт баръало вуҷуд дорад. Ин аз он сабаб аст, ки имрӯз аксарият мехоҳанд мутахассиси IT шаванд, аммо махсусияти касбро то охир аз худ накарда, ба худтакмилдиҳӣ машғул намешаванд, зеро ҷаҳони технология ҳамарӯза дар ҳоли тағйирёбист. Тибқи таҳлилҳо ин касб ҳамеша ҳамчун ихтисоси серталабот боқӣ хоҳад монд.

Муҳандис

Намояндаи ин касб такягоҳи асосӣ дар истеҳсолот аст, ҳарчанд пештар ин касб танҳо бо заводу фабрикаҳо алоқаманд буд. Имрӯз муҳандис дар корхона одамони муҳимтаринанд, зеро тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳо ва роҳҳои самаранок нигоҳ доштани онҳоро тарҳрезӣ мекунанд. Маҳз ба шарофати муҳандисон компютеру дастгоҳҳои гуногун истеҳсол мешаванд, маъданҳои фоиданок истихроҷ мегарданд ва ҷаҳон ба коинот мушак мефиристад.

Имрӯз муҳандисони дигаре низ ҳастанд, ки бо дастгоҳҳои калон алоқаманд набуда, вазифаи онҳо таҳияи шабакаҳои нейронӣ ва омӯзиши технологияи зеҳни сунъист. Ин касбест, ки талабот ба он асрҳо боқӣ хоҳад монд, зеро маҳз фаъолияти муҳандис-технологҳо инсониятро дар ҷаҳони рақамӣ пеш мебарад.

Корманди миёнаи тиб (ҳамшира, бародари шафқат)

Инсоният мавҷудоти зинда аст ва албатта, бемор мешавем. Аз ин рӯ, ҳамеша ба онҳое ниёз дорад, ки ӯро табобат мекунанд. Бинобар ин, пешаи корманди миёнаи тиб то абад серталабгор боқӣ хоҳад буд. Гузашта аз ин, ин яке аз ихтисосҳои наҷиб аст, зеро вазифаи чунин мутахассисон наҷот додани ҳаёти дигарон аст.

Дар хориҷи кишвар пешаи мазкурро бонуфуз медонанд ва барои аз худ кардани он солҳои зиёдро ба таҳсил сарфу омӯзиши иловагӣ сарф мекунанд, зеро намояндагони ин пеша дар ҷомеа маоши арзанда ва эҳтироми баландро сазоворанд.

Кишоварз-агроном

Боз як касби серталаб дар Тоҷикистон кишоварз-агроном аст, зеро кишвари мо аграрӣ буда, аксарияти сокинон ба хоҷагидорӣ машғуланд. Имрӯз бо шарофати мутахассисоне, ки дар ин соҳа кор мекунанд, сокинони шаҳрҳои калон тамоми маводи зарурии хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмониро бо сифати баланд дастрас мекунанд. Ҳамин тавр, фермаҳои чорводорӣ моро бо гӯшту шир, хоҷагиҳои ғаллакорӣ бо орду гандуму нону дигар анвои ғалладона, боғкорон бо меваҳои тару тоза ва деҳқонон бо сабзавоти мухталиф дар ҳамаи фасли сол таъмин мекунанд. Аз ин рӯ, мутахассисони хоҷагии қишлоқ яке аз нафарони серталаб боқӣ хоҳанд буд.

Ронанда

Ин мутахассисоне мебошанд, ки бо ҳамлу нақли молу коло ва одамон сарукор доранд. Дар ин соҳа мутахассисон метавонанд дар самтҳои гуногун кор кунанд – аз ронандаи нақлиёти сабукрав то тайёраву ҳавопаймо ва киштиҳои обию кайҳонӣ.

Ихтисоси мазкур ҳамеша талабгор аст, ҳарчанд имрӯз бисёр вазифаҳои он автоматӣ шуда, тариқи роботҳо идора карда мешаванд, вале соҳаи роҳу нақлиёт ҳанӯз ҳам мавҷудияти инсонро дар ин самт талаб мекунад, то ин ки бо муштариёни зинда муошират кунад ва интиқолҳоро бурда расона.

Аз рӯи хулосаҳо, то он даме, ки ҷаҳон комилан ба нақлиёти бесарнишин гузарад, ронандагон лозим хоҳанд шуд. Ҳарчанд ин гуна пешрафтҳо аллакай вуҷуд доранд, вале дар ин самт садсолаҳо озмоиши ҷиддӣ лозим аст, зеро садамаҳо як монеи пешрафт дар ин самт аст. Ин маънои онро дорад, ки ронандагон дар садсолаи наздик ба бекорӣ дучор нахоҳанд шуд.

Аз идора: Хонандагони азиз, дар шумораҳои оянда мо боз ҳам дар мавриди дигар касбу ихтисосҳои серталабот бароятон маълумот медиҳем.

Таҳияи Мирсаид САТТОРИЁН,

«Ҷаҳони ҳунар»