
ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
2025-04-13 07:10:59
Саннаи 11 апрели соли 2025 дар Коллеҷи
тиббии ҷумҳуриявӣ иштирокчиёни фаъоли даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ̄ китоб аст” аз ҷониби роҳбарияти
муассиса қадрдонӣ гардиданд. Дар даври якуми озмуни мазкур зиё̈да аз 100 нафар ширкат варзида,
беҳтаринҳо ба даври дуюми озмун (ноҳиявӣ) роҳхат гирифтанд.
Директори муассиса Шаҳло Ашуриён
ғолибонро табрик намуда, ба онҳо дар давраҳои минбаъдаи озмун барору
муваффақият орзу намуд.
Зикр гардид, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ̄ китоб аст» бо сарпарастии Пешвои миллат
мууҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади баланд бардоштани завқи
китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарё̈фти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию
фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили
захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар таъсис ёфтааст.
