
ДАР ДУШАНБЕ РОҶЕЪ БА ҲАМКОРИИ СИСТЕМАҲОИ МИЛЛИИ ТАЪЛИМИИ КИШВАРҲОИ ИДМ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
2025-04-10 20:47:16
Имрӯз дар «Кохи Афсарон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар хамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ (МФГС)
Конфронси байналмилалии илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳамкории системаҳои миллии
таълимии кишварҳои Иттиҳод ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар
паҳнои ИДМ” оғоз гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Узбекистон
иштирок доранд.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид
ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар марҳилаи муосири тараққиёти кишварҳои ҷаҳон
салоҳиятнокии касбии аҳолӣ яке аз шартҳои муҳимтарини рушди устувори ҷомеа ва
таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ буда, таъмини соҳаҳои гуногуни кишвар бо
коргарони соҳибихтисос ва мутахассисони сатҳи миёнаи ҷавобгӯи талаботи бозори
меҳнат бар дӯши зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гузошта шуда, маҳз
ҳамин зинаҳои таҳсилот метавонанд дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию
фарҳангии кишварҳо саҳми босазо гузоранд.
Ба таъкиди Раиси Кумита, бе назардошти таъмини сифати
таълиму тарбия, ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани тахассусҳо ва
алоқамандии илму истеҳсолот дар соҳаи таҳсилоти касбӣ наметавон ба натиҷаҳои
назаррас ноил шуд. Бинобар ин, зарурати моҳиятан баланд бардоштани сифат ва
иҷроиши самараноки нақшаву барномаҳои таълимӣ, ташкили методу технологияҳо ва
бароҳмонии таълими босифат дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва
ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани мутахассисони онҳо рӯз то рӯз аён
мегардад.
«Тавре ки
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш таъкид намуданд,
баланд бардошатни сифати таҳсилот дар шароити кунунии рушди ҷомеаи башарӣ яке
аз авлавиятҳои муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб рафта, заминаи рақобатпазириро дар
низоми соҳа фароҳам хоҳад овард. Бо назардошти таъкиди мазкур бояд гӯем, ки бо
мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳо истифода ва татбиқи
пешниҳодҳо барои гузариш ба раванди ҳамгироии таҳсилоти байналмилалӣ ба татбиқи
илм дар истеҳсолот авлавият дода шавад. Пас, зарурат пеш омадаст, ки тибқи
таҷрибаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаи баланд бардоштани нерӯи зеҳнии омӯзгорону
мутахассисон, сатҳу сифати таҳсилот дар зинаҳои таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи
каасбӣ, ба роҳ мондани барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки илмӣ-техникӣ, васеъ
намудани доираи имкониятҳо ва ғайра дар маркази диққат қарор дода шаванд. Аз ин
рӯ, соли дуюм аст, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои
гуманитарӣ (МФГС) ҳамоишҳои байналмилалиро дар ин самт баргузор менамояд», -
гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.
Қайд гардид, ки
ҳадаф аз баргузории ин иқдом табодули донишу таҷриба байни мутахассисону
коршиносони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишварҳои узви ИДМ
мебошад.
Дар конфронс
иброз гардид, ки чунин ташаббусҳо дар самти рушду тавсеаи муносибатҳо заминаи
хуб мегузоранд ва дар ин доира, ҷиҳати табодули афкор ва шиносоӣ бо фарҳангу
маданият ва сатҳи донишандӯзии якдигар мусоидат мекунанд, зеро тибқи барномаи
чорабинӣ дар доираи ин ташаббус баромаду суханрониҳои илмӣ ва треннинги омӯзишӣ
дар назар дошта шудааст.
Дар кори
конфронс дар баробари намояндагони кишварҳои узи ИДМ, ҳамзамон, роҳбарони
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаик асбии шаҳри Душанбе иштирок доранд.
Конфронси мазкур аз 8 то 12 апрели соли ҷорӣ идома мекунад.
