
РУШДИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ - ҲАМЧУН СОҲАИ ОЯНДАСОЗ
2025-04-10 17:01:14
Дар ҳама давру замон
омӯзиш ва соҳибмаълумот гардидан
дар мадди
аввал меистод
ва имрӯз ҳам таваҷҷуҳи Ҳукумати
мамлакат ба ҳамин
самт равона
карда шудааст.
Агар ба давраҳои қадим
назар афканем,
мушоҳида мекунем, ки одамон ба тангии шароит
нигоҳ накарда, дар хонаву кӯчаҳо таълим мегирифтанд. Инро
ба инобат
гирифта, мо бояд шукргузор бошем,
ки бо талоши фарзандонӣ фарзонаи миллат
муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифу таҳсилоти
касбӣ сол аз сол рушд
карда истодааст.
Тавре, ки Пешвои миллат дар ҳар баромадашон оид ба соҳаи маорифу таҳсилолти
касбӣ, қайд менамоянд, “Ҷавонон
нерӯи асосии пешбарандаи давлату
миллат ба ҳисоб
мераванд ва таълими дурусти
онҳо ба омӯзгор
ҳам қарз асту
ҳам фарз”.
Барои дар амал татбиқ намудани ин гуфтаҳо, маъмурияти коллеҷи омӯзгории
шаҳри Ҳисор
барои таълимгирандагон шароит
фароҳам оварда, таълим
дар ду баст сурат
мегирад ва ба онҳо омӯзгорони
ихтисосманд дарс
мегӯянд.
Давлату Ҳукумати
кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти
илму маориф,
таҳсилоти
касбӣ ҳамчун
омили асосии
тараққиёти
тамоми соҳаҳои ҳаёти
ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил
таҳким, рушд ва тақвияту
идома дода
истодааст. Қабули як қатор
барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ дар даврони
соҳибистиқлолӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои маорифу таҳсилоти
касбӣ ва дар ин замина
беҳтар намудани шароити
кори омӯзгорону
устоҳои таълимии истеҳсолӣ заминаи мусоид
фароҳам оварда, ба сатҳу
сифати таълиму тарбия дар ҳамаи
зинаҳои таҳсилот
такони ҷиддӣ бахшиданд.
Бо иқдомоти
ғамхоронаи Пешвои
миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз китобҳои таълимӣ бо назардошти шароити
нав таълиф
ва чоп гардиданд, ки онҳо доир ба ҳар як мавзуи
дарсӣ маълумоти бештар
дошта, бар замми ин, омӯзгорони
соҳибтаҷриба
бо истифода
аз имконоти
фароҳамовардашуда аз шабакаҳои иҷтимоии
таълимӣ низ фаровон
истифода менамоянд.
Инчунин, аксари муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс
аз технологияҳои наву ҳозиразамон ва шаклу усулҳои фаъоли таълим
истифода карда,
насли наврасро
бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос мекунанд
ва ҷиҳати васеъ гардондани дараҷаи ҷаҳонбинии
онҳо кӯшиш менамоянд.
Чунин шароит ва дастгириҳои давлатӣ далели он мебошанд, ки имрӯз шумораи зиёди
таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи
касбӣ дар озмуну
олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Баробари ба даст овардани Истиқлоли
давлатӣ дар Тоҷикистон,
монанди дигар
соҳаҳои иҷтимоӣ, дар соҳаи таҳсилоти
итбтидоӣ ва миёнаи
касбӣ муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.
Сарфи назар
аз мураккабии вазъи
сиёсӣ ва мушкилоти давраи
гузариш, Пешвои
миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ илму маорифро
соҳаи муҳимтарину
афзалиятноки кишвар
эълон намуда,
зери назар
ва пуштибонии махсуси худ қарор
доданд.
Аз ҷумла,
дар даврони
истиқлолияти
мамлакат маҷмуи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии
ҳуқуқӣ қабул
гардиданд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи маорифу таҳсилоти
касбӣ муайян менамоянд. Дар маҷмуъ, ҳамаи
қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии
ҳуқуқӣ барои дигаргунсозии низоми
маорифу таҳсилоти
касбӣ, комёб шудан
ба дастрасии баробар
ба таҳсилот,
ҳалли масъалаҳои гендерӣ, баланд бардоштани сифати
таҳсилот
ва паст
кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи баланд бардоштани сатҳи таҳсилот
дар байни
аҳолӣ равона шудаанд.
Яъне, то ин муддат марҳилаи
устувори танзими
ҳуқуқии ин соҳаи ҳаётан
муҳим гузаронда шуда,
санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавии давравӣ қабул
ва дар амал татбиқ гардиданд.
Ҷомеаи омӯзгорон
ва кормандони Коллеҷи омӯзгории
шаҳри Ҳисор
фаъолияти худро
мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон
“Дар бораи
маориф”, амру
фармон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати
миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти мамлакат,
муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати
Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
Қарору фармоишҳои Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
Низомномаи намунавии муасисаи
таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи
касбии Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
Оинномаи муассиса ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таҳсилот
ба нақша даровада, ҷиҳати тайёр намудани
мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ташкил ва гузаронидани дарсҳои намунавӣ ва иштироки
омўзгорон ба дарсҳои ҳамдигар
ба маҷрои нави ташкилию
таълимӣ оварда шуд. Аксарияти чунин
дарсҳо бо иштироки
намояндагони маъмурияти коллеҷ гузаронида шуда,
баъдан ҳаматарафа таҳлилу
натиҷабардорӣ карда мешаванд,
ки ин тарзи кор дар болоравии ҳисси масъулиятшиносии омўзгорони ҷавон замина
хоҳад гузошт.
Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯз, ки аз рӯи ихтисосҳои техникӣ, омӯзгорӣ ва тиббӣ ташкилоту муассисаҳои кишвар ба мутахассисон ниёз
дошта, ҳамчунин, талабот
дар бозори
меҳнати
кишварҳои дигар низ ба ин мутахассисон меафзояд,
омода намудани
кадрҳои баландихтисоси зинаи
таҳсилоти
миёнаи касбӣ талаботи замон
мебошад. Аз ин рӯ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо мазмуни таҳсилот
тағйир ёфт, балки
муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни навро
касб намуда,
барои беҳтар намудани фаъолияти кории
онҳо ниҳоди нав –
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон
таъсис ёфт.
Дар ин замина, қабули
Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон
«Дар бораи
таҳсилоти
миёнаи касбӣ» барои таҳияи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа имконият фароҳам оварда, раванди
рушди ин намуди муассисаҳои таълимиро дар замони истиқлолият
фароҳам овард.
Дар ҷомеаи
имрӯзи кишвар рӯз ба рӯз талабот ба ихтисосҳои ин зинаи
таҳсилот
бештар гардида,
ба ихтисосҳои тиббӣ, омӯзгорӣ, техникӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳи шаҳрвандон
чандин маротиба
бештар шудааст.
Бо ибтикори
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон
муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон таъсису ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти
миёнаи касбии
ба талаботи
замон ҷавобгӯ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар
имконият фароҳам овард, ки шароити мусоиди
таълимию тарбиявӣ, техникию илмӣ ва таъмин
бо кадрҳои баландихтисос дар онҳо фароҳам омад.
Имрӯзҳо натанҳо барои таълими
хонандагон ва донишҷӯён балки барои
кӯдакони
синни томактабӣ низ, шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Пас ин қишри
ояндасозӣ ҷомеаро
зарур аст, ки дар ҷавоб
ба ғамхориҳои давлату миллат
пайваста омӯзанд
ва дар оянда номбардори миллати
худ гарданд.
НИЁЗОВА ЗУМРАД - мудири шуъбаи кадрҳои Коллеҷи омӯзгории
шаҳри Ҳисор