
ИШТИРОКИ РАИСИ КУМИТА ДАР ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ МАХСУСИ МАЪЮБОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
2025-04-09 12:10:41
Дар
Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар тантанаҳои идона раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Раҳимӣ Фарҳод, муовини якуми раиси Кумита Баҳрулло Давлатзода, директори муассиса Шаҳло Сироҷова, кормандону омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуданд.
Дар
қисмати расмии чорабинӣ академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарини идҳои ориёӣ буда, мaҳз бо зaҳмaту тaлошҳои пaйвaстaи Пешвои муaззaми миллaт, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон aз ҷониби Мaҷмaaи умумии Созмони Милaли Муттaҳид бa ҳaйси ҷaшни ҷaҳонӣ пaзируфтa шуд.
"Дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Наврӯз бо тамоми ғановату рангорангии худ эҳё гардида, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо, тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.
Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои суннатии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст. Ҷашни Наврӯз таҷассумгари некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро буда, фарҳанги оламшумули мардуми тоҷикро тавассути ойинҳои худ машҳури олам гардонидааст”, - гуфт раиси Кумита.
Сипас,
барномаи фарҳангии хонандагони муассиса,
ки аз шеъру тарона ва рақсу сурудҳои наврӯзӣ иборат буд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Ҳамзамон, ҳунармандони маъруфи кишвар Нигина Амонқулова ва Шуҳрат Сайнаков бо сурудҳои хеш хотири хонандагони муассисаро шод намуданд.
Аз
тарафи хонандагон низ баромадҳои ҷолиб ба саҳна гузошта шуд. Ташаккур ба ҳар як иштирокчӣ барои саҳми арзишманд дар барпокунӣ ва таҳкими ин ҷашни бузург!
