
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТӢ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ
2024-07-17 14:43:03
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Кумита таҳти унвони “Ваҳдат заминаи пешрафт ва шукуфоии миллат” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, Давлатзода Баҳрулло, Ализода Алишер, муовинони раиси Кумита, сардорони раёсату шуъбаҳо кормандон иштирок ва суханронӣ намудаанд.
Нахуст, мизи мудавваро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки миллат ва давлат дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор доранд ва мардум имрӯзҳо, замоне, ки даргириҳои хунин дар аксари мамлакатҳои олам идома дорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳувиятӣ аз як тараф ва мушкилоти дигари иқлимӣ аз тарафи дигар, ки пайомадҳои номусоиди он тағйири боду ҳаво аст, мардум бештар ба мафҳуми ваҳдат, ки маънои он барои одамон якдилӣ, барои давлат якпорчагӣ, барои рушди он иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳаб мебошанд, рӯй меоранд ва онро бояд пос доранд. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда имкон фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аҷдодӣ ва ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ таҳкурсии қавии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.
Вале, то расидан ба Ваҳдати миллӣ, ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон рӯзҳои басо вазнинро паси сар кард, ки заминаҳои он ҳанӯз дар охири давраи шуравӣ гузошта шуда буданд ва воқеаҳои февралии соли 1990 эътирози ошкорои душманони миллат ва ҳомиёни дохилию хориҷии онҳо буд. Он солҳо гурӯҳҳои алоҳида таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳона кашида, хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷиконро ба вуҷуд оварданд. Эътироф накардани натиҷаи интихоботи умумихалқии соли 1991 аз ҷониби ба ном қувваҳои демократӣ, ки дар асл бозичаи дасти исломгароён буданд, баёнгари он буд, ки ин қувваҳо бо ҳар роҳу восита талоши ҳокимияти сиёсӣ доранд.
Аз ин ҷост, ки неруҳои бадхоҳ бо дастгирии ҳомиёни худ аз хориҷи дуру наздик Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд, ки он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавӣ гардида, появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро комилан фалаҷ сохта, дар ҷумҳурӣ беқонуниятӣ ва бесомониҳоро ба вуҷуд овард.
Таъкид гардид, ки Иҷлосияи таърихии Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон, Сарвари давлат аз ибтидо дар ин мақоми басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани мамлакатро ба миён гузоштанд. Вале, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аллакай қисмати зиёди қаламрави Тоҷикистонро фаро гирифта буд ва ҳар рӯз иқтисодиёти мамлакат дучори хисороти азим гашта, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон мегардид. Баъдан Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои худ таъкид карда буданд, ки «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Дар идомаи мизи мудаввар, Назарзода Давлатхон - сардори шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус, Маҳмадализода Бобоҷон Раҳмон - сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Давлатшозода Дилшодҷони Сафаралӣ - сармутахассиси шуъбаи байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумита дар мавзуҳои гуногун баромад намуда, таъкид доштанд, ки ҳар як сокини мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаҳои сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад. Сулҳу субот ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазодди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм, эктремизм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.
Дар охир илова гардид, ки имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ, беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаю мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаю давлатҳои алоҳида ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст. Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.
Аз ин рӯ, ҳарчи бештар таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсию мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз пайдо кардааст.
Маҳз ба ҳамин хотир масъалаи таҳкиму тақвияти Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ, мақсаднок ва мунтазам таблиғу ташвиқ кардан амри зарурию ҳаётӣ мебошад.



