Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТОҶИКИСТОН, УЗБЕКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН: АЗ ҲАМСОЯГИИ НЕК ТО ДӮСТИИ САМИМӢ
single-product

ТОҶИКИСТОН, УЗБЕКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН: АЗ ҲАМСОЯГИИ НЕК ТО ДӮСТИИ САМИМӢ

2025-04-09 12:08:19

Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дӯстӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини инсоният ба шумор рафта, на танҳо барои равнақу таҳкими муносибатҳо, балки ҷиҳати рушди ҷомеа ва таъмини суботи ҷаҳонӣ нақши муассиру созанда дорад. Бинобар ин, ҳар қавму миллат барои зиндагии осоишта ва ободии кишвар бояд муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмиро бо ҳамсояҳои худ дар меҳвари сиёсати хориҷиаш қарор диҳад, чунки дӯстии халқҳо ҳамчун омили саодатбахш на танҳо дар сатҳи фардӣ, балки дар робитаҳои минтақавӣ ва байнимилалӣ низ аҳамияти бузург дорад.

Халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизҳо дар тӯли таърих бо ҳам робитаи қавии фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доштанд. Маҳз ҳамин дӯстии дерина ба онҳо имкон дод, ки тамоми мушкилоти мавҷударо якҷоя ҳал намоянд ва барои рушди устувори минтақа саҳми арзишманди хешро гузоранд.

Бояд қайд кард, ки дар марҳилаи нави таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни миллатҳо ташаббус намуда, чун мунодии сулҳу амонӣ барои ҷомеаи башарӣ пешниҳодҳои созандаву наҷотбахшро ба миён гузоштаанд, чун Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда.

Пешвои миллати тоҷикон бар он назаранд, ки сулҳу суботи минтақа танҳо бо мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъмин карда мешавад. Дар ин замина, ташаббусҳои сарони давлатҳо ҷиҳати таҳкими дӯстии халқҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои минтақа ва ҷаҳон аҳамияти вижа дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки бо шарофати сиёсати дурбинонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир муносибатҳои байни ин кишварҳо ба сатҳи нав баромада, ҳамкориҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ густариш ёфтанд. Кушодани роҳу пулҳо барои рафтуои озоди шаҳрвандон чун заминаи рушди тиҷорат ва барқарорсозии муносибатҳои иқтисодӣ самараи ҳамин сиёсати дӯстона мебошад.

Як намунаи равшани ин ҳамкориҳо бастани созишномаҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя оид ба истифодаи захираҳои обӣ, барқарор кардани рафтуомади марзӣ ва афзоиши савдои байнисарҳадӣ мебошад. Ин тадбир барои беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми минтақа мусоидат намуда, густариши ҳамкории бештарро миёни халқҳо таъмин менамоянд.

Пайки ифтихор аст, ки 31-уми март дар шаҳри бостонии Хуҷанди Тоҷикистон сарони се давлати дӯст ва бародар–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳои ҷашнӣ иштирок намуда, дар рафти он як қатор созишномаҳои муҳими ҳамкориро ба имзо расониданд, ки барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳои ҳамсоя саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Дӯстии халқҳои тоҷик, ӯзбек ва қирғиз гарави сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад ва барои наслҳои оянда намунаи ибрат хоҳад буд. Ин дӯстӣ бояд ҳифз ва таҳким бахшида шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд».
Ҳамин тавр, ташаббусҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими дӯстии байни халқҳо на танҳо ба манфиати давлатҳо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳиму арзишманд мебошад, зеро танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ба ояндаи равшану зиндагии осуда ноил гардид.

АШУРИЁН Шаҳло Сайфуллозода, н.и.т., директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ