Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ
single-product

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

2025-04-09 11:44:08

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат таҳти унвони “Наврӯз-пайвандгари қалбҳо ва тамаддунҳо” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Анвар Ислом, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одилзода Дилбар Раҳим, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Набизода Мадина Раҳмат муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Шабнам Карим, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саиднуриддинзода Аҳлиддин Саиднуриддин муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаётзода Алиакбар, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Нахуст ҳайати меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумии ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллии халқи тоҷик шинос шуда, ба маҳорату малакаи роҳбарияту кормандон ва хонандагону донишҷӯёни ин муассисаҳо баҳои баланд доданд.

Сипас, дар наврӯзгоҳи муассиса қисмати тантанавии ифтитоҳи фестивал баргузор гардид. Академик Фарҳод Раҳимӣ чорабиниро ҳусни оғоз намуда, иброз дошт, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистон дар як рӯз, яъне 21 март, ду ҷашн - Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро таҷлил намуданд, ки ҳар ду ҳам аз ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

“Маҳз бо заҳмат ва саъю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷашни таърихию аҷдодии миллии мо байналмилалӣ эълон гардид ва баҳри наҷоти аҳли башар бо мақсади ҳифзи сарчашмаи асосии оби тоза дар курраи Замин санаи 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд. Агар ҷонибдорӣ гардидани ин ташаббусҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аз як тараф эътирофи Пешвои муаззами миллати мо дар арсаи байналмилалӣ бошад, аз тарафи дигар ин иқдомот дар роҳи шинохти миллати куҳанбунёд, тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик, ки дар рушди тамаддуни инсоният саҳми назаррас дорад, муҳим арзёбӣ мегардад. Яъне, Пешвои миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки мо меросбарони аҷдодони таърихсозу таммадунофари худ ҳастем, ки имрӯз низ дар ин роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳем ва дар рушди фарҳанги инсонӣ талош дорем”, - зикр кард академик Фарҳод Раҳимӣ.

Қайд гардид, ки Наврӯз ҷашни кайҳону табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки мавҷудияти худро то замони мо аз даст надода, баръакс дар замони давлатдории миллии мо шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо кард ва бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни байналмилалӣ унвон гирифт. Об бошад, дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи арз буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз аз вуҷуд доштани об вобастагӣ дорад. Ҳанӯз ҳазорон сол қабл ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи нуҷумӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузоштанд ва манбаи асосии ҳаёт будани обро дарк намуда, ба он мақоми баланд доданд ва ҳамеша покиза нигоҳ доштани обро таъкид кардаанд.

Сипас, барномаи театрикунонидашудаи фарҳангӣ, ки иборат аз шеъру тарона, рақсу бозиҳои варзишӣ, сеҳргарию афсункорӣ ва сурудҳои тараннумгари наврӯзу ватан, ки аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи мамлакат ва донишҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ садо доданд, пешниҳоди ҳозирини гардонида шуд.

single