
ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ ТАВСЕА МЕЁБАД
2025-04-09 11:41:26
Санаи 04.04.2025 дар доираи сафари кории намояндагони
Коллеҷи сохтмонию техникии шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе бо мақсади ба роҳ
мондани ҳамкориҳои
мутақобилан судманд байни муассисаҳои мазкур Созишномаи ҳамкорӣ ба
имзо расонида шуд.
Зимни
мулоқот ҷоннибҳо доир ба фаъолияти муассисаи таълимии худ
маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳавасмандии ҷонибҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар самти гузаронидани чорабиниҳои илмии муштарак, инчунин аз такмили ихтисос
ва бозомӯзи гузаронидани омӯзгорону кормандон дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон матраҳ гардиданд.
Тарафҳо ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои зерин созишнома ба имзо расониданд:
1)
Таҳия ва татбиқи муштараки барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои илмӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ.
2) Ҳаракати академии донишҷӯён, омӯзгорон ва олимон бо мақсади тайёр кардан, такмили ихтисос ва такмили
фаъолияти илмию таълимӣ.
3)Гузаронидани
тадқиқоти илмии муштарак, таҳқиқоти илмии фундаменталӣ ва амалӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва татбиқи муштараки фаъолияти инноватсионӣ.
4)
Иштироки мутақобила дар гузаронидани
лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ, тадқиқотӣ ва илмию техникӣ, конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, инчунин мубодилаи адабиёти таълимӣ ва илмӣ.