Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > СУЛҲ БО ИМЗОИ МОЁН МАРДУМОНИ ФАТҲЁБ...!
single-product

СУЛҲ БО ИМЗОИ МОЁН МАРДУМОНИ ФАТҲЁБ...!

2025-03-15 10:22:12

Бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмии давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон як қатор санадҳои муҳими давлатӣ миёни ду кишвари бо ҳам ҳамсоя баста шуд, бахусус Шартномаи тарафайни сарҳадӣ, ки ин оғози марҳилаи нав дар рушди ҳаматарафаи ду кишвар хоҳад буд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин ҳама аз Мактаби сулҳофарини Роҳбарии олии Тоҷикистон сарчашма гирифтааст, мо халқи тоҷик аз он ифтихор дорем, ки чунин роҳбари хирадманду мардумсолор, дурандешу сулҳофар, наҷотбахшу халқпарвар дорем.

Дар арсаи олам бо сарбаландӣ аз Пешвои сулҳҷӯву ваҳдатофарини худ мефахрему менозем, зеро ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик сулҳу ваҳдат ва дӯстиву рафоқатро дар меҳвари сиёсати дохиливу хориҷии фаъолияти худ қарор дода, бо давлатҳои хурду бузург аҳдномаи дўстӣ баста истодааст, ки ин аз сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ будани ӯ гувоҳ медиҳад:

СУЛҲ БО ИМЗОИ МОЁН МАРДУМОНИ ФАТҲЁБ,

МЕНАМОЯД НАҚШАҲОИ ҶАНГҶӮЁНРО ХАРОБ!

Ба имзо расидани Шартномаи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ин худ оғози марҳилаи нави муносибат миёни халқҳои бо ҳам дӯсту хешу табор тоҷику қирғиз хоҳад буд. Табиист, ки баъди баста гардидани сарҳадҳо додугирифт миёни ин ду халқ коҳиш ёфта буд. Хешу таборон бо ҳам рафтуомад карда наметавонистанд, муносибатҳо канда шуда буданду халқ аз фироқи якдигар азият мекашиданд, ки ин боиси нигаронии тарафҳо гашта буд. Садҳо афсус, ки масъалаи сарҳад миёни ду давлат, боиси муноқишаҳои хунин ҳам гашта буд.

Роҳбари хирадсолори тоҷик, Ҷаноби Олӣ дар рӯзи нахустини ба сари ҳокимият омадан ба халқи тоҷик ваъда дода буданд, ки "МАН БА ШУМОЁН СУЛҲ МЕОРАМ" ва бори дигар ба ваъдаи хеш вафо бинмуда, расман сарҳадро кушоданд ва ба муноқишаҳои миёни ду кишвар нуқта гузоштанд.

Расидан ба ин рӯзи тақдирсозро халқи ду кишвари аз азал бо ҳам дӯст, тоҷику қирғиз солҳои тӯлонӣ интизорӣ мекашиданд.

Бо ташаббуси сарони ду кишвар низоъҳо бартараф ва сарҳадҳо кушода шуданд, ки барои халқи тоҷику қирғиз рўзи хотирмон ва фаромўшношуданӣ хоҳад буд. Сарони ду кишвар аҳди дустии абадӣ бастанд.

Умедворем, ин аҳди дӯстиву рафоқати ду халқи бо ҳам дӯст абадан устувор хоҳад буд. Мо мардуми тоҷик ин аҳдро асло наҳем шикаст ва барои густариш ёфтани муносибатҳо, расидан ба ҳадафҳо, пос доштани анъана ва расму оинҳои тарафайн якдилона азм ҳоҳем кард.

Рухшона ДАВЛАТШОЕВА, директори Литсей касбӣ саноатии насоҷии шаҳри Душанбе