Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
single-product

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

2025-03-15 10:18:45

Корупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад барои рӯшди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодиест, ки дар бисёр кишварҳо мушоҳида мешавад. Ин падида шаклҳои гуногун дорад ва дар сатҳҳои гуногуни ҷомеа, аз ниҳодҳои давлатӣ то бахшҳои хусусӣ, ҷойгир шуда метавонад. Мафҳуми коррупсия ба маънои истифодаи мақоми давлатӣ ё мансаб барои манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ мебошад, ки боиси тақсимоти нодурусти захираҳо, зарар ба амнияти давлатӣ ва коҳиши эътимоди мардум ба ҳукумат мегардад.

Коррупсия метавонад дар шаклҳои зерин зуҳур кунад: пора додан ва гирифтани пора (и яке аз маъмултарин шаклҳои коррупсия аст, ки дар он шахсони алоҳида ё гурӯҳҳо ба мансабдорон пора медиҳанд, то ки онҳо қарори ғайриқонунӣ қабул кунанд ё қонунро дар ҳаққи онҳо нақз кунанд), сӯиистифода аз мансаб (мансабдор метавонад аз ваколатҳои худ барои манфиати шахсӣ истифода барад, зеро ин метавонад дар шакли тасарруфи амвол, таъйинотҳои нодуруст ё истифодаи захираҳои давлатӣ бошад) ва монанди ин.

Сабабҳои асосии пайдоиши коррупсия гуногунанд: аз ҷумла норасогии шаффофият ва назорат: Вақте ки дар низоми давлатӣ ва ё хусусӣ механизмҳои шаффофият ва назорат вуҷуд надоранд, имкони бештар барои амалҳои коррупсионӣ ба вуҷуд меояд. Коррупсия метавонад дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо шаклҳои гуногун зуҳур кунад, ки ин ҳолат усулҳои илман асоснок ва таҷрибашударо барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тақозо менамояд.

Қобили қайд аст, ки дар шароити имрўза заминаҳои ҳуқуқӣ барои мубориза бо ин зуҳурот ба монанди санадҳои меъёрӣ - ҳуқуии миллӣ ва байналмилалӣ мавҷуд аст, ки имконияти мубориза бо ин зуҳуротро аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон фаррох менамояд. Вале новобаста ба ин, зуҳуроти мазкур дар ҷомеаи имрўза вуҷуд дошта, ба таври густурда паҳн шуда, таъсири манфии худро ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ расонида истодааст. Аз ин рӯ барои решакан кардани коррупсия на танҳо ниҳодҳои ваколатдори давлатӣ, балки шаҳрвандон низ бояд иштироки фаъол дошта бошанд.

Бояд қайд намуд, ки яке аз усулҳои муҳимми мубориза бо коррупсия ин баланд бардоштани фарҳаги ҳуқуқӣ аҳолӣ мебошад. Чунки бо ин роҳ метавон дар зеҳни шаҳрвандон ҳисси мубориза ба ин зуҳуроти номатлубро бедор намуд ва ин барои саҳмгузории шаҳрвандон барои аз байн бурдани коррупсия мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ корупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб як қатор оқибатҳои манфиро ба миён меорад: якум ба пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлат монеа эҷод менамояд. Яъне бо сатҳи баланди коррупсия сохтани фазои хуби иқтисодӣ ва сиёсӣ дар дилхоҳ кишвар ғайри имкон мебошад; дуюм, коррупсия шароити мусоиди амалишавии босамари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз байн мебарад.

Дар ҷомеае, ки ҳама қишрҳои онро коррупсия фаро гирифтааст, ҳуқуқи инсон дар он ҷемеа ба таври дахдор амалӣ намешавад; сеюм, оқибати ногувори коррупсия ин коста шудани боварии мардум нисбат ҳукумат мебошад. Бояд қайд намуд, ки боварии мардум нисбат ба ҳукумат ин василаи асоси мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодӣ, мудофиавӣ ва таъмини пешрафти ҳар давлат ба ҳисоб меравад; чорум, коррупсия боиси пушида мондани истеъдодҳо мегардад, яъне маҳз омилҳои коррупсионӣ монеаи аз худ дарак додани истеъдодҳо дар дилхоҳ соҳа мегардад; панҷум, коррупсия омили асоси афзоиши ҳуқуқваронкунӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мегардад. Яъне, бо воситаи коррупсия рӯйпуш намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ба афкори ҷамъятӣ таъсири манфӣ расонида, боиси зиёд гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо мегардад.

Хуллас, таъсири манфӣ ва зарари коррупсия аз дигар падидаҳои ҷиноятӣ аз қабили терроризм ва экстремизм кам нестанд. Аз ин хотир моро мебояд, ки ба ин зуҳурот ба тариқи муташаккилона мубориза бурда, ташвиқ ва тарғибро низ ба муқобили он ба таври густурда ба роҳ монем ва ба ҳамин роҳ ҷараёни ҳолатҳои карупсиониро дар кишвари офтобиамон коста гардонем. Мубориза ба карупсия кори дастаҷамъи буда, аз ҳар як шаҳрванд маърифати баланди ахлоқӣ, тарбияи дурусти ватандӯстӣ, дарси хештаншиносӣ ва дарки баланди истиқлолу озодиро талаб менамояд ва баҳри решан кардани каррупсия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хушбахт ҲАКИМЗОДА,

муовини сардори Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот-сардори шуъбаи муҳосиботи Кумита