
ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ БАРДАВОМ БОД
2025-03-15 10:16:38
Тоҷикон ва қирғизҳо ду халқи бародар ва ҳамсояи қадимӣ мебошанд, ки садсолаҳо бо ҳам муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ доштанд. Ин дӯстӣ решаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дорад, ки аз замонҳои қадим то имрӯз идома меёбад.
Миллатҳои тоҷик ва қирғиз дар минтақаи Осиёи Марказӣ асрҳо ҳамҷавор зиндагӣ карда, дар шароити сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ рушд кардаанд. Дар тӯли таърих онҳо бо ҳам тиҷорат мекарданд, фарҳанг ва анъанаҳои худро мубодила менамуданд ва дар лаҳзаҳои сахтӣ ба якдигар кумак мерасониданд.
Қирғизҳо, ки асосан чорводор буданд, ва тоҷикон, ки бо зироатпарварӣ машғул мешуданд, ҳамдигарро бо маҳсулоти худ таъмин менамуданд. Ин ҳамкории иқтисодӣ ба таҳкими равобити дӯстона мусоидат мекард.
Фарҳангҳои тоҷикон ва қирғизҳо бо ҳам алоқаманданд. Ҳарду миллат шеъру адабиёт, мусиқӣ
ва санъати бой доранд. Осори адибони бузурги тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи
Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва Ҷалолуддини Балхӣ дар муҳити қирғиз низ шинохта
ва гиромӣ аст.
Ҳамчунин, мусиқии мардуми қирғиз бо
достонҳои мардумии тоҷикон пайвастагӣ дорад. Чунончи, достони қирғизии
"Манас" ва достонҳои қаҳрамонии тоҷикон намунаи ҳамгироии фарҳангии
ин ду халқ мебошанд.
Имрӯз Тоҷикистон ва Қирғизистон
ҳамчун давлатҳои мустақил муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию
фарҳангиро густариш медиҳанд. Ҳарду кишвар узви созмонҳои байналмилалӣ, аз
ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони Ҳамкории Шанхай мебошанд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз бо
ташаббуси Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мӯҳтарам Содир Жапаров
сарҳади давлатии ҳарду кишвар расман боз гардиданд, ки дӯстии деринаи ин
халқҳои кӯҳанбунёдро боз ҳам қавитар мегардонад.
Дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз як
арзиши бебаҳоест, ки бояд ҳифз ва таҳким ёбад. Ҳамкориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва
иҷтимоии ин ду миллат собит мекунад, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ қувваи бузургест
барои пешрафт ва шукуфоии минтақа. Бо эҳтиром ба гузашта ва талош барои ояндаи
нек, тоҷикон ва қирғизҳо метавонанд муносибатҳои худро боз ҳам тақвият бахшанд.
Эҳсон МИРЗОЕВ, директори Литсейи
касбии техникии нефт ва гази шаҳри Исфара