
СУЛҲ БАҲОРЕСТ БАҲОР ОВАРАД...
2025-03-15 10:15:07
Беҳтарину комилтарин неъмати зиндагӣ оромию осудагист ва бузургтарин ҳадяи инсонҳо ба ҳамдигар сулҳ аст. Ҳанӯз давраҳое, ки дар синфи ибтидоии мактаби миёна таҳсил доштам, шеъри хеле равону дилнишинеро дар васфи сулҳ азёд карда будам, ки то кунун ҳар кадом мисраҳои пурмаънии он дар лавҳи хотиротам нақш бастааст. Ин шеър бо чунин мисраъҳо оғоз мешавад:
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақу шодиву барор оварад...
Бале, воқеан сулҳу субот сарчашмаи ҳама ободиву пешрафт, сабабгори расидан ба зиндагии шоиста ва боиси фаровонию хушҳоливу хотири ҷамъи инсонҳост. Тӯли се даҳсолаи даврони нав чандин бор мунодии сулҳу оштии миллию байнидавлатиро мисли ҳар кадом шаҳрванди кишвари азиз шоҳид будам ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама равандҳои сулҳофарӣ асосгузори воқеии сулҳу ваҳдати миллӣ дарёфтем.
Аз ҷумла, бо имзои созишномаи байнимарзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар шаҳри Бишкек, дар доираи ҳамраъйӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷаппаров ба амал пайваст, дигарбора тамоми ҷаҳониён шоҳид шуданд, ки сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ то чи андоза барои инсонҳои некхоҳ фараҳовар аст.
Ҳам ҷолиб асту ҳам рамзӣ, ки имзои ин Созишномаи байнидавлатӣ дар арафаи Соли нави аҷдодиву вуруди баҳори некпай, замони эҳёи табиат ва дар рӯзҳои бахшоишу кушоиши мусалмонон - дар моҳи шарифи Рамазон рост омад. Ба қавли мардумон ин падидаи оливу
банур бемуҳобо фоли нек аст.
Мардуми ҳарду кишвар, ки яқин ин
рӯзи саъду саидро дер боз интизорӣ доштанд, ҳамдигарро ба оғӯши гарм гирифта,
ашки шодӣ рехтанд, ҳамдигарро аз рӯи таомули ҳазорсола бахшиданд, дарҳои
манзилҳо ва ҳатто дилу дидаҳои гарму меҳрубонро ба рӯи ҳамдигар боз карданд,
хушнудии тарафҳо дар ин рӯзи файзбор ба авҷи камол расид. Аз ин ҳамдигарфаҳмию
сулҳоварӣ, аз ин бахшиданҳои мардона, аз ин соатҳои шодиовар дар ин замони
баҳампечидаи рӯзгори оламиён мардумони сайёра дар ҳайрат афтоданд.
Гузаштаи пуртазоду ба ҳам
теғкашиданҳо дар як лаҳза ба кунҷи фаромӯшӣ рафт ва ҳамин аст ҳосили дилҳои
обод. Ҳамду сано бод ба мардуми баори тоҷик, ба фарзонафарзанди миллати
сарбаланд-Пешвои муаззами миллат, шахсияти нотакрори таърихи ҳазорсола, узви
пурифтихори ҳар як хонадони баори форсизабони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамин аст ҳосили таҳаммулу мардонагӣ, ҳамин аст рисолати олии инсонӣ, ҳамин аст
дипломатияи роҳбарӣ, ҳамин аст нишонаи дили поки Роҳбари озодаву оқил. Бо номи
баланди ин фарди азизи миллат ифтихор дорем.
Холиқназар АЗИМОВ, муовини директор
оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникӣ,номзади илмҳои
техникӣ, дотсент