
РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КУМИТА ТАВСЕА МЕЁБАНД
2025-02-04 19:52:36
Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаик асбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи
васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғози нишаст академик Фарҳод Раҳимӣ
оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 маълумот дода, қайд кард, ки
дар давраи ҳисоботӣ роҳбарияти Кумита бо мақсади муҳокимаи лоиҳаҳо ва
барномаҳои муштарак, мубодилаи маълумот дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва
дурнамои рушди соҳа, баррасии масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва
самтҳои стратегӣ, муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои
оянда, бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, муассисаҳо,
созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд мулоқотҳои судмандро ҳам дар
шакли ҳузурӣ ва видеоконференсия баргузор намуд.
“Дар соли 2024 мулоқоти ҳузурӣ ва
видеоконференсияҳо бо намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла
Иттиҳоди Аврупо, ЮНЕСКО, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, ЮНИСЕФ, ТИКА,
JICA, KOICA, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд баргузор гардиданд, ки ба
баррасии масъалаҳои муҳимми соҳа, ҳамкориҳои муштарак ва пешниҳодҳои мушаххас
оид ба рушди соҳа равона шуданд”, - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.
Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Кумита
дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ (МФГС) аз 3 то 10
сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Мактаби илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи
"Ҳамкории мутақобилаи системаҳои миллии таълимии кишварҳои ИДМ ҳамчун
омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои ИДМ" доир гардид. Ҳадаф
аз баргузории ин чорабинӣ табодули донишу таҷриба байни мутахассисону
коршиносони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишварҳои узви ИДМ маҳсуб
ёфта, ҷиҳати иштирок ва суханронӣ дар он коршиносони хориҷии соҳа дар ҳайати
умумии 25 нафар аз кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои
Беларус, Қазоқистон, Узбекистон ва Озарбойҷон даъват шуданд. Дар рӯзи
пӯшидашаваии Мактаби илмӣ-омӯзишӣ ба иштирокчиён дар вазъияти тантанавӣ
сертификатҳо тақдим гардида, ширкаткунандагон бо таассуроти нек ва эҳсоси
қаноатмандӣ ба кишварҳои худ баргаштанд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони
васоити ахбори омма роҷеъ ба тамоми паҳлӯҳои фаъолият саволгузорӣ намуда, аз
ҷониби Раиси Кумита посухҳои мушаххас гирифтанд.
