
ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
2025-02-04 19:49:13
Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаик асбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи
васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита
академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми раис Баҳрулло Давлатзода, мудири шуъбаи
илму маорифи Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои
дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ 33 рӯзноманигор аз
АМИТ "Ховар", телевизионҳои "Тоҷикистон",
"Ҷаҳоннамо", "Сафина", "Илм ва табиат",
"Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", "Душанбе",
"Баҳористон", радиоҳои "Тоҷикистон", "Садои
Душанбе", "Фарҳанг", "Ховар", нашрияҳои
"Ҷумҳурият", "Халқ овози""Садои мардум",
"Ҷавонони Тоҷикистон", "Истиқлол", "Фараж",
хабаргузории "Азия плюс", сомонаҳои "Авеста" ва Oila.tj
иштирок намуданд.
Дар оғози нишаст академик Фарҳод Раҳимӣ
оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 маълумот дода, қайд кард, ки
айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 88
муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо кадрҳои
соҳибкасб омода карда мешаванд.
Таъкид
гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки тибқи дурнамои
он ҳамасола дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳарчи бештар
шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Маврид ба зикри хос аст, ки Кумита оид
ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
мақсади назорати раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 таъсис дода шуд.