
РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
2025-02-04 07:54:00
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи
Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 соҳаи тандурустиро яке аз
самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Соҳаи тандурустӣ ҳамчун ҷузъи муҳими
сармояи инсонӣ ва калиди пешрафти иқтисодӣ буда, ҳифзи тандурустии мардум на
танҳо вазифаи иҷтимоӣ, балки омили асосии тақвияти нерӯи миллӣ ва солимии ҷомеа
аст.
Таъкид шуд, ки рақобати солим байни
бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ метавонад, сатҳи хизматрасониҳоро баланд бардошта, ба
беҳбудии сифати табобат мусоидат кунад. Дар идомаи суханронии худ, Президенти
кишвар афзуданд, ки таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ, аз
вазифаҳои асосии давлат боқӣ мемонад. Дар доираи ислоҳот, ворид намудани
технологияҳои пешрафта ба муассисаҳои тандурустӣ, инчунин баланд бардоштани
малакаи мутахассисон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад.
Ҳадафи асосии давлат беҳтар намудани
сифати хизматрасониҳои тиббӣ, афзоиши дастрасии аҳолӣ ба муассисаҳои тандурустӣ
ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад, ки ин метавонад, боиси солимии миллат ва
рушди бомароми кишвар гардад.
Бо пайравӣ аз дастурҳои Пешвои миллат, мо кӯшиш менамоем, ки ҳар рӯз бо
истифодаи ҳама захираҳои моддию маънавӣ сатҳи дониши донишҷӯёнро баланд
бардошта, кадрҳои баландихтисос ва сазовори ояндаи миллатро тарбия намоем.
Аёмҷони МАҲМАДШАРИФ, мутахассиси шуъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи
тиббии деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик