
БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТИББӢ
2025-02-04 07:52:19
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳои хеш, ҳамеша масъалаи ҳифзи тандурустӣ ва
пешрафти соҳаи тибро яке аз афзалиятҳои стратегии сиёсати давлат меҳисобанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар Паёми навбатии хеш ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хоса
зоҳир карда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани
фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу
сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида
истодааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар соли 2025-ум
барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ
гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин баробари ин Сарвари давлат ҳамеша таъкид намуд, ки дастрасии ҳамаи
қишрҳои ҷомеа ба хизматрасониҳои тиббӣ муҳим аст. Бинобарин, дар солҳои охир
муассисаҳои тиббӣ бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидаанд. Баланд бардоштани
ихтисоси мутахассисони тиббӣ тавассути курсҳои такмили ихтисос дар дохил ва
хориҷи кишвар аҳамияти зиёд дорад. Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои
охир садҳо маркази тандурустӣ, беморхонаҳо ва марказҳои ташхисӣ бунёд шудаанд.
Тавассути барномаҳои миллӣ ва иқдомҳои давлатӣ сатҳи бемориҳои сироятӣ, аз
ҷумла вараҷа ва сили шуш, назаррас коҳиш ёфтааст.
Боиси ифтихор аст,ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик таҳти
роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ
ба дастовардҳои арзишманд сазовор гардидааст. Истиқлоли давлатӣ ва суботи сиёсӣ
имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллию давлатӣ ва умумибашарӣ дар
кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар
шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, солимии миллат, ободии Ватан ва ояндаи
дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гардад. Боиси
сарфарозист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барномаҳои зиёди давлатӣ ҷиҳати
ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, солимгардонии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои гуногун
амалӣ мегарданд.
Ҳуснигул КАРИМОВА ,
мудири кафедраи фанҳои тахассусии
Коллеҷи тиббии деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик