
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар мавзуи пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро вохӯрӣ доир шуд.
2025-02-04 07:49:45
Барои вусъат додани корҳои таблиғотию
ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию
экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, мубориза
бар зидди гардиши маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим аъзои гурӯҳи кории
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри
Ваҳдат бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба
хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат хабар доданд.