Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > СОҲИБКАСБ НАМУДАНИ ШАҲРВАНДОН - КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА
single-product

СОҲИБКАСБ НАМУДАНИ ШАҲРВАНДОН - КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

2025-01-10 07:11:51

Дар паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат таҳлилу баррасӣ гардида, барои амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ вазифаҳо мушаххасу муайян гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки “...аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд”.

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём вобаста ба таъсиси марказҳои касбомӯзӣ ва фароҳам овардани шароити касбомӯзӣ барои соҳибкасб намудани аҳолии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуда, қайд карданд, ки “...дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар сокинони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд”.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти корҳо дар самти фарогирии шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар ва омода намудани кадрҳои коргарӣ дастур доданд, ки “... Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намояд. Яъне, дар панҷ соли оянда дар ҳамаи муассисаҳои зикргардида беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд”.

Маврид ба қайд аст, ки Ҳукумати мамлакат барои омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароитро муҳайё карда, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани аҳолии кишвар, яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Тадбирҳои андешидашаванда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Дар ин раванд, барои рушди таҳсилоти касбӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти касбӣ, Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.

Тибқи нақшаи дурнамои фарогирии шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, таҳсилоти иловагии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 оварда шудааст, давоми солҳои 2021-2024, тавассути курсҳои кӯтоҳмуддати назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ зиёда аз 720 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба касбу ҳунаромӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифта шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷалб намудани шаҳрвандони мамлакат ба касбомӯзӣ ва дастрасии онҳо ба таҳсилоти босифати касбӣ дастур дода буданд, ки “...ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намуда, ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа дода шавад”.

Зимнан бо ин, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту корхонаҳои истеҳсолӣ ва шарикони рушд дар самти таҳияи стандартҳои касбӣ (салоҳият), нақша ва барномаҳои таълимӣ (модулӣ), таҳкими заминаҳои модиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, рақамикунонии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, омода кардани кадрҳои коргарӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо ба роҳ мондааст.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯи 23 самт ва зиёда аз 500 касбу ихтисос хонандагону донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба ҳолати моҳи декабри соли 2024 теъдоди хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 23 ҳазору 500 нафар ва теъдоди шунавандагони курсҳои кӯтоҳмуддати назди ин муассисаҳои таълимӣ 12 ҳазор нафарро ташкил дода, 1 ҳазору 605 нафар омӯзгор ва 978 нафар устои таълими истеҳсолӣ ба таълиму тарбияи хонандагону шунавандагон машғул мебошанд.

Ҳамчунин, дар назди 45 литсейи касбии техникӣ ва 1 коллеҷ марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир фаъолият доранд, ки дар онҳо аз руйи 5 самт ва 110 касбу ҳунар шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, малакаҳои касбии ҳунармандон ба расмият (валидатсия) дароварда мешаванд.

Барои омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва омода намудани ҳунармандони касбӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2021, №253 “Номгӯйи касбҳои ҳунармандӣ” тасдиқ гардид. Дар қарори мазкур касбҳои ҳунармандӣ дар 12 самт гуруҳбандӣ карда шуда, 167 номгӯйро дар бар мегирад.

Дар соли сипаришуда, Кумита дар доираи амалишавии лоиҳаи “Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои 25 касбу ихтисосҳои зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талаботи зиёд доранд, стандартҳои касбӣ (салоҳият), нақша ва барномаҳои таълими (модулӣ)-ро бо ҷалби мутахассисони маҳаллию байналмилалӣ таҳия ва тасдиқ намуда, барои истифодабарӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дастрас намуд. Ҳоло дар 31 литсейи касбии техникӣ раванди таълим тибқи методологияи таълим дар асоси салоҳият ба роҳ монда шуда, дар дигар литсейҳои касбии техникӣ низ ин методология давра ба давра ҷорӣ карда мешавад.

Ҳамзамон, дар доираи татбиқи лоиҳаи зикршуда, синфхона ва устохонаҳои таълимии 6 литсейи касбии техникӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои 6 касбу ихтисос таҷҳизотҳои лозимӣ харидорӣ гардида, давоми солҳои 2025-2026 таъмири синфхона ва устохонаҳои таълимии 14 литсейи касбии техникӣ ва харидории таҷҳизоти муосири таълимӣ барои 14 касбу ихтисос дар назар дошта шудааст.

Лозим ба қайд аст, ки дар назди Кумита лоиҳаи “Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шуруъ аз соли 2024 амал мекунад, ки ҳадафи он беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни гуруҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон ва занон дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мебошад.

Дар ин давра, барои тайёр кардани кадрҳои коргарии соҳаи кишоварзӣ ҳамкориҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазорати кишоварзӣ тақвият ёфта, дар заминаи пойгоҳҳои таъмирии Маркази хизматрасонии КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар ноҳияи Данғара аз руйи касбҳои тракторчӣ ва харрот курсҳои кӯтоҳмуддат роҳандозӣ гардида, гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омодасозии механизаторону комбайнёрон ва устоҳои таъмигари техникаю мошинолоти кишоварзӣ дар пойгоҳҳои таъмирии марказҳои хизматрасонии корхонаи болозикр дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Рашт, Тоҷикобод, Дӯстӣ ва Ҷайҳун ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии тобеи Кумита барои густариши тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ва таъмини соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо мутахассисони варзида бо 562 ташкилоту муассисаҳо, хусусан корхонаҳои истеҳсолӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолӣ созишномаҳои дуҷониба ба имзо расониданд.

Дар робита ба тайёр намудани кадрҳои коргарии баландихтисос ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти корфармоён ба қувваи корӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд кумитаҳои соҳавии соҳаҳои саноат, сохтмон ва энергетика, инчунин 21 кумитаи машваратии соҳавӣ ва 8 маркази захиравӣ дар назди литсейҳои касбии техникӣ таъсис дода шудааст, ки ин барои боз ҳам тақвият додани корҳо ҷиҳати омода кардани мутахассисони варзида, таъмин кардани соҳаҳои зикршуда бо кадрҳои коргарӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мусоидат менамояд. Бо вуҷуди корҳои зиёди ба анҷомрасида вобаста ба соҳибкасб намудани аҳолии кишвар ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо, тадбирҳои пешбинишуда ва амалишаванда бояд таҳким дода шаванд.

Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар байни аҳолии кишвар васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати зиёд намудани теъдоди қабули хонандагон ва ҷорӣ намудани касбу ихтисосҳои нав, ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талабот доранд чораҷуйӣ карда, ба сифати тайёр кардани кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода, барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо ҳамкориро бо корфармоён ҷоннок намоянд, зеро нишондиҳандаҳои зикршуда омили асосӣ барои фарогирии аҳолии кишвар ба омӯзишӣ касбу ҳунар ба ҳисоб меравад.

АЛИЗОДА Алишер Ҳикматулло,

муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент