
ДАР НАЗДИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ МАҲФИЛИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОИ КИТОБ АСТ” ТАЪСИС ЁФТ
2025-01-08 18:11:46
Дар Кумита оид
ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
иштироки роҳбарияти Кумита директорони муасссисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии шаҳри Душанбе, хонандагону донишҷӯён вобаста ба Паёми Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.
Чорабиро
академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Паёми навбатии Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар марҳалае ироа гардид, ки барои мардуми шарафманди
кишвари азизамон, Тоҷикистон, воқеан ҳам, марҳалаи таърихӣ, яъне халқи
саодатманди тоҷик 30-юмин солгарди Конститутсия ва Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ истиқбол
намуданд.
Пешвои муаззами
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои
асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян
намуд. Паёми Пешвои миллат аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти
сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои
глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо
иқдомоти навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсозӣ мардуми кишвар маҳсуб мешавад,
ки оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои
иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу
тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон,
варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузошт.
Зимни ироаи
Паём Пешвои миллат дар баробари масалаҳои болозикр, инчунин оид ба нақши
ҷавонон дар рушду шукуфоии мамлакат ва масъулиятшиносиву кордонии онҳо бо ҳисси
саршор аз меҳру садоқат ва боварии қотеона ба насли созандаву бунёдкор суҳбат
рафта, ин қишри ҷомеа ҳамчун неруи созанда, ояндаи давлату миллат ва қувваи
пешбарандаи ҷомеа эътирф гардиданд. Чунончи Пешвои миллат таъкид намуданд: “Мо
ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд,
Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд
иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо
ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”.
Ҳамзамон, Раиси
Кумита иброз дошт, ки бо мақсади дарёфтӣ чеҳраҳои сухандону суханвар, ҷалби
ҷавонону наврасон ба китобхонӣ дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Фурӯғи субҳи
донои китоб аст" маҳфили илмӣ таъсис дода шуд, ки аъзоёни он аз ҳисоби
устодон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
ташкил карда шудаанд.
Маҳфил дар
доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба
Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 таъсис дода шудааст ва ҳадаф аз он ҷалби
донишҷӯёну хонандагон ба китобу китобхонӣ буда, баргузории чунин маҳфилҳо хеле
муҳим ва саривақтист, зеро ба роҳ мондани онҳо ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии
миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ тарбия менамояд.
Дар назар аст,
ки иштирокчиёни маҳфил ҳар ҳафта як китоби илмӣ ё бадеиро мутолиа намуда, доир
ба мавзӯъ ва муҳтавои он андешаронӣ менамоянд.
Маврид ба зикри
хос аст, ки дар назар аст, ки дар назди Кумита маҳфилҳои “Фурӯғи маърифат”ва
“Шоҳномахонӣ” таъсис дода мешавад.


