
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
2025-01-08 18:08:51
Дар паёмҳои
солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу
баррасӣ гардида, дастовардҳо ва нақшаву дурнамои фаъолият ба таври мушаххас
нишон дода мешаванд. Мусаллам аст, ки муҳайё кардани ҳаёти осоишта ва баланд
бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати
мамлакат ба шумор меравад. Маҳз тадбирандешии саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати
ҷумҳурӣ буд, ки сатҳу сифати зиндагии мардуми мо сол ба сол беҳтару хубтар
мегардад. Паём ҳар як сокини кишварро дилпур намуд, ки ин раванд минбаъд низ
идома ёфта, онҳоро зиндагии боз ҳам шоистатар дар пеш аст.
Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки дар панҷсолаи
минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои гуногуни рақамикунонии
иқтисодиёт диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 -уми декабри соли
2024 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати
дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон “Солҳои рушди
иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд. Ҳадаф аз ин ташаббус низ вусъат
бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти
технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад.
Дар идомаи ин пешниҳод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон таъкид намуданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои
таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ
барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Воқеан ҳам, инноватсия ва рақамикунонии тамоми соҳаҳои
кишвар, аз ҷумла иқтисодиёт зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Пешвои муаззами миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Солҳои 2025-2030 низ метавонанд ба як
давраи муҳим барои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия табдил ёбанд. Зеро
гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ қадам барои беҳтарсозии вазъи иқтисодиву иҷтимоии
давлат аст. Он вақтро сарфа намуда, сифати маҳсулот ва кору хизматрасониро ба
маротиб беҳтар менамояд. Дар охир ба беҳтар шудани рақобатпазирии саноат ва
зиёдшавии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ оварда мерасонад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рақамикунонии
соҳаҳои иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла чунин баён намудаанд:
«Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии
иқтисодӣ ба шумор меравад».
Вобаста ба ин, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои давраи то соли 2040, Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2025-2029 ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ
аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Бояд гуфт, ки иқтисодиёти рақамӣ яке аз самтҳои муҳими
рушди иқтисод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳоло Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои
таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои муҳим ва устувор
гузошта истодааст. Барномаҳои зиёди марбут ба технологияҳои рақамӣ ҷиҳати
беҳтар кардани равандҳои идоракунӣ ва молиявӣ қабул гардида, як қатор иқдомҳои
муҳим низ роҳандозӣ шудаанд. Қадамҳои муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти
Тоҷикистон, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз
гардиданд, шомили бунёди инфраструктураи рақамӣ ва ташкили барномаҳои технологӣ
барои беҳтар кардани равандҳои идоракунии молиявӣ ва иқтисодӣ мебошанд.
Воқеан, барномаҳои технологӣ ва рақамии марбут ба
соҳаҳои гуногун, ба монанди молия, андоз, системаҳои электронӣ ва омодагии
кадрӣ барои равнақи иқтисоди рақамӣ кӯмак хоҳанд кард:
Якум, рақамикунонии молия ва андоз аст. Тоҷикистон бо
истифода аз технологияи пешрафта талош мекунад, ки таъмини шаффофият ва
мубориза бо коррупсия тақвият ёбад. Барномаҳои рақамӣ барои таъмин кардани
раванди дастрасӣ ва назорат ба равандҳои молиявӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Дуюм, низоми электронӣ. Ҳукумати мамлакат ба ҷорӣ
кардани системаҳои электронӣ, ба монанди интиқоли хидматҳои молиявӣ ва
шахсиятҳои идорӣ тавассути платформаҳои рақамӣ диққати махсус медиҳад. Ин ба
шаҳрвандон ва соҳибкорон имконият медиҳад, ки дар муҳити рақамӣ барои иҷрои
амалиёт ва супоридани пардохтҳо фароҳам оварда шавад.
Сеюм, омодагии кадрӣ. Дар Тоҷикистон ҷиҳати омода
кардани мутахассисони баландихтисос ва касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ
ва инноватсионӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва ниҳодҳои дахлдор барномаҳои
зиёде рӯйи даст гирифта шудаанд. Ин ба амалӣ шудани стратегияи рақамикунонии
давлат ва иқтисодиёт кӯмак хоҳад кард.
Чорум, дастгирии сармоягузорӣ ва рушди технологӣ. Дар
оянда, Тоҷикистон метавонад сиёсати ташвиқи сармоягузорони хориҷиро барои рушди
соҳаҳои технологӣ ва амалӣ кардани ҷалби маблағҳо дар ин самт таъмин кунад.
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон бо ҷорӣ намудани ин иқдомҳо
талош дорад, ки иқтисодиёти миллӣ ба раванди рақамикунонӣ мувофиқ гардад, барои
таҳкими шаффофият ва беҳтар кардани идоракунии молиявӣ ва иҷтимоӣ роҳҳои
муосиру қуллай интихоб ва амалӣ гарданд.
Сино
Амирбекзода,
директори
Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе