
ҶОЙГОҲИ ЗАН-МОДАР ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
2025-01-08 18:05:31
Дар фарҳангу тамаддуни мо - тоҷикон иззату эҳтироми зан, модар ҳамеша
ҷойгоҳи хос дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола
чун анъана бо натиҷагирӣ аз дастоварду музаффариятҳои мардуми шарифи кишвар ва
муайян намудани нақшаву барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлат паёми Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа
мегардад.
Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳои худ
ба Маҷлиси Олӣ баробари дигар масъалаҳои калидии давлатдории навини миллӣ ба
масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир
менамоянд.
Ногуфта
намонад, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд
бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо,
ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани
сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардида
истодааст.
Аз Паёми
имсола бар меояд, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи
кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони
фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил
медиҳанд. Ҳоло бошад аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии
касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳад.
Маврид
ба зикр аст, ки ҳамасола тавассути Квотаи президентӣ садҳо духтарон –
хатмкардаҳои дабистонҳои деҳот дар донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта шуда
истодаанд.
Ёдовар
шудан ба маврид аст, ки дар осори бузургони ҷаҳон низ нақши зан – модари диловару
қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва
хосса дорад. Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ
хислатҳои накутарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад. Бешубҳа, такя дар
паҳлӯи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист.
Лозим ба
зикр аст, имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан инчунин
роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,варзишгар ҳатто дар
қӯшунҳои сарҳадӣ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти Ватану осудагии
миллат расонида истодааст.
Таърих
собит намуд, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми вай
дар рушди босубот ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконоти
иштироки фаъоли ӯ дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам
шудааст. Истиқлоли давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти
васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист нерӯи созандаи
худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои
ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзанд.
Яке аз
шартҳои муҳимтарини пешрафти давлат, осоишу суботи ҷомеа ва ободии Ватан модари
босаводу соҳибмаърифат мебошад, ки метавонад фарзанди хушахлоқу донишманд ва
худшиносу ватандӯстро тарбия карда, ӯро ба хизмати ҷомеа ва давлат ҳидояту
роҳнамоӣ созад. Дар урфият гуфтаанд, ки «Агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати
миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар».
Воқеан,
фарзандон хурсандии инсон дар ин зиндагиянд, онҳо ҳаётро гуворо месозанд ва бо
шарофати онҳо нуру баракат насиби ҳар як хона мешавад. Ибтидои ҳаёти фарзанд ва
оғози олами тарбия ва таълими ӯ аз мактабе сарчашма меёбад, ки онро хонавода
меноманд, зеро чун фарзанд чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, худро дар оғӯши модар
ва муҳити оила мебинад Зан – модар тарбиятгар, эҷодкор, заҳматкаш, ватанхоҳу
ватандӯст аст. Ҳеҷ модаре намехоҳад, ки фарзандаш аз чашм дур бошаду ба ӯ осебе
расад, аммо агар ба Ватан хатаре таҳдид кард, ҳисси ватанпарастии ӯ боло
гирифта, фарзандашро барои адои хизмати Ватан гусел мекунад.
Хулоса,
дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми бонувон
дар пешрафти давлатдории тоҷикон хеле хуб ва яке аз ҳадафҳои муҳими давлату
Ҳукумати мамлакат инъикос шудааст.
Мо-бонувони
Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамчун пайравони ҳақиқии Гурдофариду Таҳминаи ҷасур
сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи
кори хеш қарор дода, баҳри ваҳдату ягонагӣ, рушду инкишоф, сулҳу оромӣ, амалӣ
сохтани ҳадафҳои милии давлат, мустаҳкам гардидани низоми Тоҷикистони
соҳибистиқлол саъю кӯшиш намуда, дар ин самт камари ҳиммат бубандем.
Оина Илназарова, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи тарбияи
ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон