Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КИТОБ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
single-product

КИТОБ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2025-01-08 18:03:18

“Халқи мо аз қадим китобдору китобхон буд ва ин анъанаро бояд ҳифз карда, идома диҳем”

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати "Дарҳои боз" ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ҳамчун узви бонфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Истиқлоли давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар афкору андешаи ҷомеа тағйироти куллӣ ворид намояд. Аз ҷумла, самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан, фарҳанги китобу китобдорӣ дар даҳсолаи охир хеле рушд ва ривоҷу рушду равнақ ёфт. Мо бачагонро на ба он хотир дарс медиҳем, ки адабиётро дӯст доранд ва аз он дар зиндагӣ истифода кунанд, балки адабиётшинос шаванд. Ба андешаи мо, роҳи бештар оқилона ва самараноки таълими адабиёт дар муассисаҳои таълимӣ, омӯзишу таълими он аз рӯи мавзуъ аст, на додани маълумоти хронологӣ доир ба ҳар як давраи таърихӣ. Муҳимтарин мавзуъҳои ташаккули шахсият - донишандӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳифзи Ватан ва ватандӯстӣ, накукорӣ, эҳтироми волидайн ва калонсолон, васфи ишқи пок, аз як тараф ва танқиди падидаҳои номатлуби зиндагӣ ва мубориза бо онҳо, аз тарафи дигар, қариб дар эҷодиёти ҳар як адиби барҷастаи классик ва муосир инъикос ёфтааст.

Барои он ки дар зеҳни хонанда, масалан, роҷеъ ба дӯстии ҳақиқӣ тасаввуроти аниқу амиқ пайдо шавад, шарт нест, ки мо васфи дӯстиро дар эҷодиёти ҳар як адиб ба тарзи алоҳида пешниҳод кунем. Агар беҳтарин гуфтаҳои адибонро – чи классик ва чи муосир, дар ин мавзуъ таҳлил намуда, ба хонандагон пешкаш кунем ва онҳоро ба баҳсу андеша дар атрофи ин масъала водор созем, хонанда мавзуъро дар шакли пурра аз худ намуда, бо дигарон вориди баҳс мешавад, беҳтарин гуфтаҳоро тибқи шавқу завқи худ аз ёд мекунад, дар зиндагии ҳамарӯза истифода мекунад. Китоб ганҷинаи олами маънавии инсон буда, шахсро ба қуллаи баланди инсоният бурда мерасонад. Дар китоб се қувваи бузург дониш, фаҳмиш ва истироҳат мавҷуд буда, китобхонӣ барои бартараф кардани ҳолатҳои нороҳаткунанда ва дилгиркунанда ва бартарафнамоии фишори асабӣ кӯмак мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иброз доштанд: «Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд».

Маҳз китобхонаҳо бояд ҳар касро ба доруи рӯҳӣ таъмин кунанд. Мутолиа барои пешгирии аксарияти бемориҳоӣ ва ихтилофҳои равонӣ мубориза бурда, ҳатто инсонро аз афсурдагӣ наҷот медиҳад. Аммо як нуқтаи назарро набояд фаромӯш кард, ки дар кадом ҳолат мутолиа метавонад ба дармон ё табобат табдил ёбад. Аз нуқтаи назари илмӣ китоб мисли дору метавонад шифо бахшад, ба шарте, ки агар инсон ба эҳсосоти қаҳрамонон он қадар ворид шавад, ки ҳангоми хондан дигар чизе ба ёдаш нарасад.

Ҳамчунин, Президенти кишвар иброздоштанд, ки «то имрӯз мо Китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру азнавсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем».

Дар ҳақиқат ганҷи аз ҳама дастрастарине, ки барои инсон дар ҳама ҷо пайдо карда мешавад, ин китоб аст. Ҳатто инсонҳое, ки тасмим мегиранд ба истироҳатгоҳҳо раванд ё аз хона берун шаванд, ҳамеша бо китоб буда метавонанд. Китобхонӣ ба инсон кӯмак мекунад, то кӣ фикрҳо ва ҳиссиётҳои худро беҳтар баён намояд. Барои тағйироти ботинӣ бошад, бисёр манбаи хуб мебошад.Тадқиқотҳои китобшиносии солҳои охир нишон доданд, ки як қисми одамон барои ҳалли мушкилотҳои психологиашон аз китоб ва китобдорон ёрӣ меҷӯянд. Чӣ тавре ки Екатеринаи бузург менависад: “Китоб оинаи шаффофтарин аст, фақат гуноҳро намегӯянд ва илмро туҳфа менамоянд”. Махсусан, асарҳои бадеӣ ба олами маънавии инсон ва ҳолати руҳии ӯ таъсири мусбат мерасонад. Я. А.Коменский нигоштааст: “Китоб ин решагузори хирадмандист”. Оре, дуруст аст, зеро ки инсон ғизои маънавиро маҳз аз китоб мегирад.

Файласуф Денни Дидро ақидаи худро оид ба китоб чунин баён намудааст: “Инсоният аз фикри солим бозмемонад, агар аз китобхонӣ даст кашад”. Расул Ғамзатов шахси аз китоб маҳрумро ба инсоне шабоҳат додааст, ки бе оина рӯи худро дида наметавонад. Терапевти машҳури ибтидои асри XIX Мудров навишта буд: “Аз ҳама муҳимаш беморро аз ташвишҳои рӯзгор ва ғаму андӯҳи зиёдатӣ дур кардан аст, ки худи онҳо моҳияти беморӣ мебошанд” Аммо фаромӯш набояд кард, ки на ҳар китоб метавонад, таъсири табобатӣ дошта бошад, махсусан, китобҳое, ки ба фоҷиа анҷом меёбанд, барои шахси дорои стресс ё ин ки фишори асабӣ дошта, тавсия дода намешавад.

Дар Паём илова карда шуд, ки «дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд.

Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд».

Воқеан, китоб ба рӯҳияи инсон таъсири бевоситаи худро мерасонад. Барои солимии равонии шахс кумак намуда, фикрҳои нороҳаткунандаро аз инсон дур менамояд. Дар китобхонаҳо бояд китобҳое мавҷуд бошанд, ки ба ҳама гурӯҳи одамон кӯмак расонида тавонад, зеро китобхонӣ ба тарзи ҳаёти солим таъсири бузурги худро мерасонад.

Хулоса, Дар робита ба татбиқи самарабахши дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат китобдорони мамлакат бояд дар самти тарғибу ташвиқи китоб, ҷалби хонандагони нав ба китобхона ва ташаккули фарҳанги мутолиаи китоб аз роҳу воситаҳои замонавии фаъолияти китобдори имрӯза бояд фаъолияти хешро тавре роҳандозӣ намояд, ки бо шарофати он хонандае, ки аввалин маротиба ба китобхона ташриф овардааст, дар ниҳоди хеш майли пайваста ба ин даргоҳ омаданро пайдо карда тавонад ва ҳамкориро бо тамоми ниҳодҳои масъули таълиму тарбия мустаҳкам намоянд.

Садиров Мақсуд Маҳмарасулович, омӯзгори кафедраи педагогикаи касбии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе