Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМ - ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ҲАМАИ САМТҲО
single-product

ПАЁМ - ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ҲАМАИ САМТҲО

2025-01-08 18:01:51

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи муҳимтарини стратегияи давлатдорӣ ва дастури босамари фаъолияти давлат дар самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷи мамлакат мебошад. Паём ҳамчун воситаи муҳими инъикосгари роҳи рушд ва дурнамои давлатдорӣ ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат ба Мақоми Олии қонунгузори кишвар ироа мегардад, дар Паём тамоми самтҳои фаъолияти мамлакат мавриди таҳлил қарор гирифта, ҳамзамон барои соли оянда қарору пешниҳодҳои дахлдор қабул карда мешавад ва он чун дастури барномавӣ ва роҳкушои оянда ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масоил дар бахшҳои иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳанг, илму маориф, сиёсати давлатии ҷавонону занон, рушди сайёҳӣ, таҳкими муносибатҳои байналмиллалӣ, тақвияти ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат, самаранокии бозори меҳнат ва дигар масъалаҳои ниҳоят муҳимми сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ шуда, дурнамои рушди кишвар муайян карда мешавад ва ҳамчун барномаи амалӣ барои ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Андешаҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ироа мегардад, чун дастурамал ё роҳнамое барои фардои дурахшони кишвар мебошад. Яке аз самтҳои афзалиятнок, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз даврони соҳибистиқлолӣ ба он таваҷҷуҳи махсус ва ғамхорӣ зоҳир менамояд, пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа-ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад”. Аз ин лиҳоз, “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, ҳамчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”.

Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки “...рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Дар ҳақиқат, пешрафти мамлакат ва ояндаи ободи кишвар аз сатҳи дониш ва маърифатнокии миллат вобастагии калон дорад. Ҷомеа чи қадар босавод бошад, давлат ҳамон қадар пешрафт мекунад ва миллате, ки аз илму маориф дур мегардад, хоҳу нохоҳ истиқлолашро аз даст медиҳад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат барои азнавсозиву бунёди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва рушди иқтидори илмӣ ҳамаҷониба талош меварзад.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи маориф Пешвои миллат дар Паёми имсола кормандону масъулини мактабу маориф, волидайн ва аҳли ҷомеаро барои тарбияи сазовори насли ояндасоз ҳидоят намуданд ва мактабро ба ҳайси боргоҳи илму маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас арзёбӣ карданд.

Пешвои муаззами миллат арҷу эҳтиром гузоштан ба омӯзгорро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт таъкид дошта, қайд намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 30% зиёд карда шавад. Инчунин роҳбари давлат иброз доштанд, ки заминаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.

Ҳамзамон, сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф ва саҳлангорӣ ба тарбияи кӯдак дар хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбият мебошад. Яъне, то вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҷиноятҳою корҳои пешгӯинашаванда хоҳанд буд. Бо мақсади иҷрои барномаи давлатии соҳаи томактабӣ Пешвои миллат роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар як маҳали аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунанд, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шавад.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳаги бостонии тоҷикон ва тавсияи доираи донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон дар кишвар мебошад. Ин суханони Сарвари давлат моро водор месозад, ки ба мақсади ояндаи дурахшони давлату миллат ба масъалаҳои таълим додану маърифатнок кардани хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот якҷоя бо волидайн ва мақомоти масъули давлатӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем.

Тибқи унсурҳои Консепсияи миллии тарбия, ки ҳамчун санади беҳтарини раҳнамунсоз барои тарбияи насли наврас ва ҷавонон ба шумор рафта, ин самт бояд дар мадди назари ҳамагон қарор дода шавад. Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли онро ташаккул медиҳад ва ин ҳидоятҳои Сарвари давлат моро водор месозад, ки ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои Паём назоратро дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ пурзӯр намоем.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки ҳамаи нуктаҳои дар Паём ироагардида ба манфиати мардуми кишвари азизамон буда, ба ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафи олии ҳукумат-ноил шудан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат нигаронида шудааст.

Хулоса, нуктаҳое, ки дар Паём зикр гардиданд, собитгари онанд, ки Паёми солона дар назарияи сиёсӣ ва амалияи давлатдорӣ паёмест, ки ҳам аз назари маънову ҷойгоҳ ва ҳам аз назари мазмуну таъинот падидаи муҳими сиёсӣ ва ҳуҷҷати муҳими муайянкунандаи давлатӣ ҳисоб шуда, аҳамияти махсуси сиёсию давлатӣ, дипломатию байналмилалӣ ва идориву коргузорӣ дорад.

ИМАТЧОЕВ Зинатшо Хизматшоевич,

директори Литсейи касбии техникии

нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент