
МАСИРИ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА РУШДИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ
2025-01-06 21:35:10
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз, санаи
28.12.2024, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар
бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ ироа
гардид.
Зимни ироаи Паёми навбатӣ, Пешвои муаззами миллат, ба масъалаҳои муҳими
сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вобаста ба дастовардҳои
назарраси даврони соҳибистиқлолии ва ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати кишвар
барои обу иқлим таъкид намуданд.
Тавре, ки аз амалисозии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегӣ баҳри рушди соҳаҳои
иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, таҳсилоти касбӣ ва маориф бар
меояд, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ
ба як қатор дастовардҳои беназири таърихӣ ноил гардидааст. Далели гуфтаҳои боло
зимни ироаи Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди нишондиҳандаҳои
хоҷагии мамлакат дар солҳои муайян натиҷагирӣ гардида, ба таври шоиста шарҳу тавзеҳ
дода шуд.
Бинобар
ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар
масири ташаббусҳои созанда ҷиҳати рушди нишондиандаҳои иқтисодии кишвар ва беҳтар
намудани сатҳи некуаҳволии мардум қадамҳои устувор ниҳодааст.
Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ иброз доштанд:“Соли
2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва
суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд”. Ҳолати мазкурро агар ба соли
2021 қиёс намоем, ин нишондиҳанда ба 95 миллиард сомонӣ баробар буд, ки
мутаносибан беш аз 55 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст. Маҳз шароити мусоиди
фароҳамгардида имконият медиҳад, ки зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли молу хадамот
таъмин гардида, дар ин замина, тамоюли рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ барои
давраҳои баъдӣ таъмин карда шавад.
Пешвои
муаззами миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлоии кишвар ба рушди соҳаҳои
иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии кишвар, махсусан ба соҳаи маорифу
таҳсилоти касбӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Натиҷаи таваҷҷуҳи пайваста ва
андешидани тадбирҳои саривақтӣ имкон фароҳам овард, ки танҳо дар се соли охир
1500 иншооти соҳаи маориф бунёд гардида, мавриди истифода қорор дода шаванд, ки
ин тадбир гувоҳи раднопазири ташаббусҳои созандаи Пешвои маърифатсолори
миллатро ифода менамояд.
Бо
дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза, нишондиҳандаҳое, ки зимни ироаи Паёми
Президенти маҳбуби кишвар дарҷ гардиданд, барои мардуми шарифи Тоҷикистон
ҳамчун дастовардҳои беназири таърихӣ ба ҳисоб рафта, дар ин баробар, ба он
далолат менамоянд, ки хушбахтона сатҳи некуаҳволии мардум сол то сол тадриҷан
баланд гардида истодааст.
Ҳамзамон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд; “Дар натиҷаи амалисозии
тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба
147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид”. Раванди сол то сол зиёдшавии
даромади пулии аҳолӣ аз рушди бомароми иқтисодиёти миллӣ ва ташкили мақсадноки
муносибатҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва
ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа дарак дода, бо мақсади истифодаи мақсадноки
воситаҳои пулӣ, зарурати боз ҳам баланд бардоштани маърифати молиявии
шаҳрвандонро тақозо менамояд, ки ба масъалаи мазкур низ дар Паём таваҷҷуҳи хоса
зоҳир гардида, ба ниҳодҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Мусаллам
аст, ки барои ноил шудан ба чунин нишондиҳандаҳо танҳо дар натиҷаи роҳандозии
ташаббусҳои созанда имкон фароҳам гардида, суръати рушди иқтисодиёти кишвар
таъмин мегардад ва ғолибан ниёзҳои иҷтимоии аҳолӣ ва ҷомеа бароварда мешавад.
Ҳамзамон таъкид кардан ба маврид аст, ки суръати рушди иқтисодиёт аз ҳисоби
афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, гардиши
савдои дохилӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонии пулакӣ,
гардиши савдои хориҷӣ ва ғайра таъмин мегардад. Бинобар ин, мубрамияти боз ҳам
такмили заминаҳои рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар Паём ба миён гузошта шуда,
истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ чунин арзёбӣ гардид: “Дар доираи ҳадафи стратегӣ
оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти
саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду
баробар зиёд мебошад”. Аз рӯи нишондиҳандаҳо, истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ
назар ба дигар солҳо ба маротиб зиёд шуда, саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ,
содироти маҳсулот, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар маҷмӯъ, рушди
иқтисодии кишвар бузург ҳисобида мешавад.
Тавре
аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, фақат бо роҳи
эҷодкорона ва оқилона амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва
дигаргунсозиҳои сохторӣ, истифода аз таҷрибаҳои пешқадами мамлакатҳои пешрафтаи
ҷаҳон, муносибати оқилона бо сармоягузориҳои хориҷӣ, истифодаи дурусти техника
ва технологияи ҳозиразамон дар фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ метавонанд кишвари
моро ба роҳи умеду орзуҳо ба қуллаҳои боз ҳам баланди тараққиёт раҳнамун созад.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ
бо ғурури баланди миллӣ, ҳисси бузурги ифтихори ватандорӣ ва мардумдӯстии худ
машҳур гаштааст
.
Танҳо ҳамин гуна ғуруру ифтихор доштан, бо меҳнати садоқатмандона саҳм
гузоштани ҳар як соҳибватан дар пешрафт ва гулгулшукуфии мамлакати азиз
метавонад моро ба субҳи босафои саодат ва ояндаи дурахшон бирасонад.
Бинобар
ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон бори
дигар таъкид намуданд, ки мо бояд манфиатҳои милливу давлатиамонро аз тамоми
манфиатҳои дигар болотару афзал дониста, таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли
миллиамонро чун неъмати бебаҳо ҳифз намоем ва бо дасту дилу нияти пок ба халқу
Ватан хизмат намоем.
Суфиев Алишер Ҷаъмаевич – директори Коллеҷи кӯҳии ба
номи С. Юсупова