Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ЗАМИНАҲОИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
single-product

ЗАМИНАҲОИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2025-01-03 19:52:53

Таҳти ин унвон имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар чорабинӣ академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ва Ализода Алишер Ҳикматулло, муовинони Раиси Кумита, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҳамоишро академик Фарҳод Раҳимӣ, ифтитоҳ намуда, доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар мавриди таваҷҷуҳ ба касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, додани шаҳодатнома ба малакаҳои касбӣ ва ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва шуғли пурмаҳсул ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, имрӯз тавассути муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шаҳрвандони бекор ва бешуғл ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуда, дар пайи татбиқи дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат ироашуда корҳо дар ин самт боз ҳам тақвият дода мешаванд.

«Муҳимтарин тадбире, ки имрӯз барои баланд бардоштани сатҳи муҳофизати ҷавонону наврасон аз хатарҳои замони муосир имкон медиҳад, ин ба таҳсили хуб фаро гирифтан дар муассисаҳои касбӣ ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои муосир мебошад, зеро ҷаҳонбинии васеъ ва дониши мукаммал ба наврасону ҷавонон имкон медиҳад, ки аз вазъи ҷомеа, хатару таҳдидҳои зуҳуроти номатлуб, паҳлӯҳои гуногуни табиати инсонӣ, аз ҷумла хислатҳои баду ниятҳои нопоки ашхоси ношиносу ҷиноятпеша огоҳи пайдо намоянд ва худро нисбатан бехатар гардонанд. Ҳамзамон, бо донишу касбии зарурӣ наврасону ҷавонон синну соли қобили меҳнат метавонанд ба кори мувофиқ машғул гарданд», - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.

Аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд.

Илова бар ин, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намояд. Яъне дар панҷ соли оянда дар ҳамаи муассисаҳои касбомӯзӣ беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.

Қайд гардид, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мо аҳли соҳаро вазифадор менамояд, ки аз пештара дида бештар талош намоем.

Зикр гардид, ки масъалаи касбомӯзии наврасону ҷавонон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат қарор дошта, ҷиҳати васеъ намудани доираи касбҳои омӯхташаванда ва таъсис додани касбҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мунтазам корбарӣ шуда истодааст. Ҳамчунин, хоҳишмандон метавонанд, ки ба курсҳои кӯтоҳмуддати шартномавии думоҳа ва семоҳа аз рӯи ихтисосҳои кафшергари газию барқӣ, ронандаи автомобил дарачаи «С», дӯзанда, омӯзиши кор бо кампютер, омӯзиши забони русӣ, омӯзиши забони англисӣ, гулдӯзӣ ва қолинбофӣ дохил шуда, соҳиби касб гарданд.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби дигар иштирокчиён маърӯзаҳо доир ба паҳлуҳои дигари Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд. Ба таъкиди баромадкунандагон, нуктаҳое, ки дар ҳар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошанд.

 

single
single
single