Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ КУМИТА ДАР ҲАМОИШИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОН
single-product

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ КУМИТА ДАР ҲАМОИШИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОН

2025-01-03 19:50:24

Дирӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат - раҳнамои мо ҷавонону варзишгарон ба сӯи фардои дурахшон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликшо Неъматзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Холмаҳмадзода Солеҳа, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонону варзишгарон, гирандагони стипендияи Президентӣ, волонтёрон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар баробари дигар масъулин, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, дар мавриди рушди кишвар тавассути рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва низоми маорифи пешрафта ибрози назар кард.

Раиси Кумита зикр кард, ки дар ин Паём Пешвои муаззами миллат масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз қабили саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, касбомӯзӣ, ҷавонон, занон, варзиш ва муносибатҳои байналмилариро баррасӣ намуда, дастовардҳои кишвар дар ин самтҳо арзёбӣ гардида, Сарвари давлат мушкилот ва роҳи ҳалли саривақтии онҳоро низ баён намуданд.

Таъкид гардид, ки ин Паём имкон медиҳад, барномаҳои давлатӣ барои татбиқи стратегияи миллӣ ва ислоҳот дар солҳои оянда мушаххас карда шаванд. Дар Паёми худ Пешвои миллат масъалаҳои муҳимтаринеро, ба монанди рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳо таъкид намуда, доир ба амалисозӣ ва истифодаи самараноки онҳо ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

«Ин дастурҳо хеле муҳим ва талаби замон буда, дар асре, ки онро асри технологияҳои абарқудрат ва абарзуддӣ меноманд, бе истифодаи ин технологияҳо дар ин самтҳо рушди устувори иқтисоди кишварро таъмин намудан душвор мебошад. Чунки, рақамикунонӣ имкон медиҳад, ки корхонаҳо равандҳои истеҳсолӣ ва мудириятӣ-маъмурии худро автоматӣ намоянд, ки ин ба навоварӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ мусоидат намуда, он метавонад ба тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва хидматҳои бештару сифатноктар оварда расонад», - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби дигар иштирокчиён маърӯзаҳо доир ба паҳлуҳои дигари Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд, ки ҷавонон аз онҳо барои худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

Ба таъкиди баромадкунандагон, нуктаҳое, ки дар ҳар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошанд.

 

single
single