
БАЙНИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ОЛТОЙИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД
2024-07-16 10:05:06
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита, академик Фарҳод Раҳимӣ бо Ирина Лазаренко ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия баргузор гардид.
Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти кумита, коллеҷҳо ва литсейҳои касбию техникӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумита ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олию ибтидоӣ ва миёнаи касбии Федератсияи Русия ба роҳ мондааст.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии барномаҳои таълимии муштарак, сафарбарии академӣ, ташкили таҷрибаомӯзии кутоҳмуддат, дарозмуддат ва курсҳои бозомӯзӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар идомаи вохӯрӣ Ирина Лазаренко, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия барои пазироӣ ва меҳнавозии хоси тоҷикона изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф ва илм ёдовар гардид.

