
ВОХӮРИИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО УМУТ АҶАР
2024-07-15 14:34:48
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар доир гардид.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ Давлатзода Баҳрулло, муовини якуми Раиси Кумита, Файзов Шарифҷон, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумита ва ҳамоҳангсози Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози байналмилалии Туркия (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Унал иштирок намудаанд.
Нахуст, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷаноби Умут Аҷар ва Иброҳим Уналро ба Кумита хайрамақдам гуфта, дар бораи самтҳои фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ инчунин, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маълумоти мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро яке аз ҷузъҳои муҳими низоми таҳсил эътироф намуда, зеро ин зинаҳо тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро бо мутахассисони баландихтисос таъмин намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон саҳми бориз мегузоранд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ солҳои охир обрӯву нуфузи баланд касб намудааст. Бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавҳари онро равобити байналмилалии сиёсати “дарҳои боз” ташкил медиҳад, ҳамкории мутақобилан судманд бо давлатҳои дуру наздик густариш ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар ин давра муносибату ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия боз ҳам мустаҳкам гардида, равобити фарҳангиву сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ин ду кишвари ба ҳам дӯст афзуд.
Зикр гашт, ки бо мақсади таҳкими фаъолияти босамар ва беҳтар намудани шароити таҳсил Кумита талош меварзад, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати навсозӣ, таъмиру тармим, таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳо, аз ҷумла бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонад.
Умут Аҷар барои истиқболу гарму самимӣ ба роҳбарияти Кумита изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Туркия, ки аз умқи таърих сарчашма мегирад, сол то сол густариш меёбад. Тайи солҳои ахир дар доираи ҳамкориҳои судманди тарафайн чорабиниҳои муштарак миёни корхонаву муассисаҳои гуногуни ду кишвари ба ҳам дӯст мунтазам роҳандозӣ мегардад.
Дар рафти вохӯрӣ Фарҳод Раҳимӣ ба Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ва ҳамоҳангсози Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози байналмилалии Туркия (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Унал барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳод намуд, дар доираи имкониятҳои ташкилот дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои таъсис додани Парки техникии Тоҷикистону Туркия ҷиҳати бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои амалӣ мусоидат намоянд.
Аз ҷониби Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ва ҳамоҳангсози Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози байналмилалии Туркия (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Унал пешниҳод ҷиҳати таъсис додани Парки техникии Тоҷикистону Туркия хуб пазируфта, таъкид гарид, ки дар ояндаи наздик лоиҳаи он омода гардида дар мувофиқа бо ҷонибҳо ба нақша гирифта мешавад.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкиму густашири бештари ҳамкориҳои муштарак ва истифодаи тамоми имкониятҳо ба манфиати ҳарду кишвар изҳор намуда, таъкид доштанд, ки баҳри расидан ба ҳадафу мақсадҳо дар ин замина бештар талош хоҳанд кард.

