
ҶАЛАСАИ САЙЁРИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-12-04 18:50:04
Имрӯз
дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” ҷаласаи сайёри
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таҳти раисии академик Фарҳод Раҳимӣ дар вилояти Хатлон баргузор
гардид.
Дар он
муовинони раис, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ,
роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳо иштирок
намуданд.
Дар
ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, таҷдиди назар намудани нақшаҳои
таълимӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандону омӯзгорон ва ба такмили
ихтисос фаро гирифтани онҳо, таъмини иштироки хонандагону донишҷӯён ва
кормандону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати
таълиму тарбия дар муассисаҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд.
Академик
Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки дар доираи «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бояд теъдоди мутахассисони
соҳибкасб аз ҳисоби ҷавонони қаламрави вилоят афзоиш дода шуда, ҷиҳати
мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат дар ин давра муҳасилини
муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар корхонаҳои ватанӣ таҷриба
андӯзанд.
“Тавре ки Президенти кишвар муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар назди
Ҳукумати кишвар вазифа гузоштанд, то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро,
ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар
соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад. Бояд гуфт, ки бо
мақсади ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ҳунар надоранд бо Қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №703 «Барномаи касбомӯзии
шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид, ки тибқи
он дар панҷ соли оянда ба касбомӯзӣ ҷалб намудани 1 миллион нафар пешбинӣ
шудааст”, - гуфт Раиси Кумита.
Дар
идомаи ҷаласа роҷеъ ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои
фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои
2024-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси Кумита иброз намуд, ки бо
мақсади омӯзиши ҳолати воқеӣ иҷрои ин қарор дар муассисаҳои соҳа мавриди омӯзиш
қарор дода шуда, нақшаи чорабиниҳои ҳар як муассиса бобати боз ҳам беҳтар омода
намудани шароити корӣ ва таҳсил барои хонандагону донишҷӯён тасдиқ гардида, дар
асоси он ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ ва дигар навъи маҳсулоти сӯхт
захира карда шаванд.
Дар идомаи ҷаласаи сайёр сардори Раёсати
таҳсилоти ибтидоии касбӣ Файзиддин Қурбонзода ва сардори Раёсати таҳсилоти
миёнаи касбӣ Бобоҷон Маҳмадализода аз фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии вилояти Хатлон, ки чанде пеш бо фармоиши Раиси Кумита гуруҳи
корӣ мавриди санҷиш қарор дода буданд, гузориш доданд.
Ҳамин
тавр, дар рафти ҷаласа дигар масъалаҳои ҷории соҳа мавриди баррасӣ қарор
гирифта, масъулин ҷиҳати иҷро ва ҳалли саривақтии онҳо уҳдадор шуданд. Дар
ҷаласа, ки бо муҳокимаи фаъол идома ёфт, роҳбарони муассисаҳо пешниҳодҳо ва
тавсияҳои худро оид ба такмили низоми таълим ва беҳтар кардани шароити корӣ
баён намуданд.
Дар
анҷоми ҷаласа Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро ба муносибати 30-солагии
таъсисёбии ҲХДТ табрик намуда, ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии
масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян ва таҷлили ин саннаи фархунда дастуру
супоришҳои мушаххас дод.


