
ШИНОСОИИ РАИСИ КУМИТА БО ЛОИҲАИ АНГОРАВИИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР ВА ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТЕСТӢ
2024-12-04 18:47:33
Имрӯз
дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бо иштироки раиси Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод
Раҳимӣ бинои нави маркази тестии муассиса ифтитоҳ гардид.
Дар
расми ифтитоҳ зикр гардид, ин марказ, ки бо таҷҳизоти пешрафтаи технологӣ
муҷаҳҳаз гардидааст, имконият медиҳад, ки дар як вақт то 70 донишҷӯ дар шароити
комилан шаффоф имтиҳон супоранд. Ифтитоҳи марказ қадами бузурги навбатӣ ҷиҳати
беҳтар кардани сифати таҳсилоти касбӣ ва шаффофияти имтиҳонсупорӣ мебошад. Он
бо системаҳои пешрафтаи назоратӣ таъмин гардидааст.
Баъди
ифтитоҳ Раиси Кумита бо лоиҳаи ангоравии бинои таълимӣ, таҷрибавӣ ва табобатии
муассиса, ки сохтмонаш дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад, шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти нав аз 5
ошёна иборат буда, ҳамчун бинои омӯзишӣ-табобатӣ ва амалӣ хизмат намуда, яке аз
лоиҳаҳои муҳим барои рушди ояндаи коллеҷ маҳсуб меёбад. Бино дорои синфхонаҳои
таълимӣ, озмоишӣ ва утоқҳои табобатӣ аст.
Баъди
анҷоми сохтмони бинои нав омӯзгорон дар баробари таълим додани донишҷӯён ба
табобати беморон низ машғул мешаванд, ки ин имкон медиҳад, то донишҷӯён дар
давраи таҳсил аз ташхису табобати беморон ба пуррагӣ огоҳ шаванд.
Сипас,
Раиси Кумита ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо дастовардҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар
шинос шуда, ба Маркази тибби мардумӣ ташриф оварданд.
Маркази мазкур бо кӯмаки Кумита таъсис
ёфта, барои ҳифз ва эҳёи усулҳои анъанавии табобат дар шароити муосир фаъолият
намуда, ба омӯзиши донишҷӯён дар самти тибби мардумӣ мусоидат мекунад. Раиси
Кумита зимни шиносоӣ бо фаъолияти марказ онро як намунаи арзишманд дар пешбурди
анъанаҳои миллӣ дар ҳамбастагӣ бо илми муосир арзёбӣ намуд.
Илова
бар ин, ҳайати меҳмонон аз Маркази ғизодиҳӣ дидан карданд, ки бо мақсади беҳтар
кардани шароити ғизодиҳии модарон ва кӯдакон фаъолият дорад. Дар ин марказ, на танҳо
дастгирии ғизоӣ, балки омӯзиш ва тренингҳои амалӣ оид ба ғизодиҳии солим низ ба
роҳ монда шудааст. Чунин марказҳо ба таври назаррас сатҳи маълумотнокии ҷомеаро
дар бораи ғизо ва саломатӣ баланд мебардоранд.
