
БАР ЗИДДИ СПИД ЯКҶОЯ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ
2024-12-02 09:14:07
Таҳти ин
унвон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода бахшида Рӯзи байналмилалии мубориза
бар зидди ВНМО/ БПНИ (ВИЧ/ СПИД) ва нақша чорабиниҳои муассиса инчунин иҷрои
барномаҳои миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам
ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои
2021-2025 ва иҷрои барномаи миллӣ оид ба пешгирии бемории сил санаи 29 ноябр аз
ҷониби кафедраи "Фанҳои тиббӣ-клиникӣ" муассиса дар якҷоягӣ бо
донишҷӯён конференсияи илмӣ-назариявӣ гузаронида шуд.
Дар
чорабини меҳмонон аз Беморхонаи Марказии Шаҳри Турсунзода , Маркази ташаккули
тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Турсунзода ва Маркази пешгирии ВНМО дар шаҳри
Турсунзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал
муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Мавзуна Иброҳимова чорабиниро ҳусни
оғоз бахшида меҳмонро ба муассиса хайрамақдам намуданд.
Оиди
гигиена шахсӣ ва роҳҳои пешгирии бемориҳо ва солимии аҳли ҷомеа Директори
маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Турсунзода Худойқулова Дилафрӯз
инчунин мутахассиси марказ Мирзоев Насим суханрони намуда бо донишҷӯён дар
бораи гигиена шахсӣ саволу ҷавоб намуданд. Дар чорабинии мазкур директори
Маркази пешгирии внмо дар шаҳри Турсунзода ва мудири кафедраи Фанҳои
тиббӣ-клиникӣ муассиса баромад намуда аз муаррифии мавзӯъ таърихи пайдоиши
беморӣ, ошкор намудани ВНМО, роҳҳои гузариш ва пешгирии беморӣ, усулҳои ташхиси
беморӣ, омори мубталоёни ВНМО дар ҷаҳон ва дар муқоиса бо бемориҳои дигар
инъикос гардид. Инчунин оиди вазъи мубталоёни беморӣ дар Тоҷикистон, стратегия
ва барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии паҳншавии ВНМО дар байни аҳолӣ ва
расонидани кӯмаҳои тиббӣ, аз ҷумла дастрасии беморон ба табобати ройгони
зиддиреторовирусӣ (АРВ) ва дигар намуди кӯмакҳои моддӣ маълумот дода шуд.
Дар
идомаи кори конференсия донишҷӯён бо шеъру тарона дар васфи тиб сароиданд, ки
писанди ҳозирин гардид. Инчунин донишҷӯён аз таърихи ташаккул ва роҳҳои пешгирӣ
ва табобати ин бемориро ба тариқи саҳначаи ҳаҷвӣ ба ҳозирин пешкаш намуданд.
Дар
анҷом байни донишҷӯён таббодули афкор сурат гирифт, ки ғолибон ва фаъолон бо
сипоснома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

