
НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН
2024-12-02 09:11:16
Таҳти ин
унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи информатика ва техникаи
компютерии шаҳри Душанбе» дар асоси нақшаи чорабиниҳои муассисавӣ конференсияи
ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар
конференсия муовини якуми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини
Раиси шаҳри Душанбе, Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси
Кумитаи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода,
Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ
Абдураҳим Шоҳиён роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри
Душанбе, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи мазкур иштирок ва
суханронӣ намуданд.
Конференсияро
Сафарзода Ҳамза ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат
хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки дар даврони 33 соли соҳибистиқлолӣ бо
ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф корҳои зиёде ба монанди бунёди маорифи
миллӣ, ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ, мактабсозӣ, таъсиси
муассисаҳои таълимӣ, таҳия ва тасдиқи барномаҳои давлатӣ, фароҳам овардани беҳтарин
имкониятҳо барои донишомӯзии хонандагону донишҷӯён ва шароити мусоиди корӣ
барои омӯзгорон ба анҷом расонида шудааст, ки ин ҳама дастовардҳо бо фаъолияти
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ дорад.
Давлатзода
Баҳрулло, ҳозиринро ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон таҳният гуфта, қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ҳамчун як нерӯи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа дар тӯли
30 соли фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он,
пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррасеро
анҷом дода, маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ
ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа
гузошта шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар
низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид.
Инчунин,
Одилзода Дилбар зимни баромади худ иброз доштанд, ки мо таъсисёбии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистонро низ ба сифати дастоварди бузурги сиёсии даврони
соҳибистиқлолии мамлакат метавон арзёбӣ намуд, зеро ин Ҳизб бо мақсади таҳкими
давлатдории навин ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ба фазилатҳои
баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқи ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш
такя намуда, кушишу ѓайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани
истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар
намоем.
Ҳамзамон,
Мирзозода Иброҳим, дар баромади худ қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, ки имсол мо бо як саммимият ва шукӯҳу шаҳомат 30 – юмин солгарди
таъсисёбии онро дар фазои сулҳу суббот, ваҳдати комил ҷашн мегирем, воқеъан 30
- соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таърихи муосири кишвар
ҳамчун давраи пурмаҳсул ва сарнавиштсоз сабт шудааст. Ин ҳизби бунёдкору
созанда, ки соли 1994 бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис
ёфт, ҳадафи асосии худро дар таҳкими сулҳу суббот, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ
ва боло бурдани сатҳи зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебинад.
Неъматзода
Маликшо, иштирокунандагони конференсияи сатҳи баландро ба 30-юмин солгарди
таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда,
вобаста ба Нақши Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди давлатдории
навини тоҷикон, рилосати амалисозии ормонҳои миллӣ ва хизматҳои шоёни Раиси
муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон,
Гавҳар Шарофзода вобаста ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
пешбурди фаъолияти сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии кишвар ибрози
андеша намуда, мавсуф қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва
илмию фарҳангии кишвар нақши калиди дошта, дар ташаккули эъмори давлатдорӣ ва
рушди минбаъдаи он хизматҳои шомилу шоистаеро ба сомон расондааст.
Абдураҳим
Шоҳиён, зимни суханронии худ аз хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тарақиёти Тоҷикистон ёдовари намуда, иброз дошт, ки
маҳз бо талошу ҷонбозиҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомуш гардида, кишварро аз парокандашавӣ ва
давлатро аз нестшавӣ наҷот доданд.
Дар
фарҷоми конференсияи имрӯза як қатор донишҷӯёни камбизоат, маъюбон ва ятимони кул
туҳфаҳо, инчунин ба кормандону омӯзгорони муассиса Сипосномаву Ифтихорномаҳо
тақдим карда шуд.
