
ИФТИТОҲИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
2024-12-02 09:07:05
Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри
Турсунзода» маросими расмии ифтитоҳи таҳсилоти фарогир бо иштироки Сафири
Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики, Бобоҷон
Маҳмадализода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва роҳбарони як қатор
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинии
мазкур Сафарзода Хуршед Ҳайдар, директори муассисаи таълимӣ, номзади илмҳои
филологӣ, иброз дошт, ки татбиқи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони
дорои имконияти маҳдуд” дар асоси розигии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар
ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар муассисаи таълимӣ ба роҳ
монда шуд. Дар ин замина, миёни муассисаи таълимӣ ва ташкилоти мазкур Ёддошти
тафоҳум ба имзо расида, ҷиҳати пешбурди низоми таҳсилоти фарогир як қатор
шароитҳо, аз ҷумла бунёди бинои ёрирасон ва муҳити бемонеа фароҳам оварда шуд.
“Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур омӯзгорони
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода бо курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос фаро
гирифта шуда, ҳамчун мутахассисон ва мураббиёни соҳаи таҳсилоти фарогир аз
нозукиҳои кор бо шахсони дорои маъюбият огоҳӣ пайдо намуданд. Дар баробари
ифтитоҳи низоми таълими инклюзивӣ ашхоси дорои маъюбият метавонанд бо истифода
аз имкониятҳои фароҳамшуда дар муассисаи таълимӣ бемамониат бо таҳсил фаро
гирифта шаванд”, - гуфт директори муассиса.
Таъкид шуд, ки сиёсати
давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ашхоси дорои маъюбият дар асоси
принсипҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манъ будани табъиз нисбат ба онҳо,
таъмини дастрасии шахсони дорои маюбият ба таҳсил, тавонбахшӣ, баробарҳуқуқӣ ва
ҳамкории мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ мегардад.
Дар рафти
чорабинӣ зикр шуд, ки раванди солимгардонии маъюбон ва дастгирии иҷтимоии
табақаҳои ниёзманд таҳти таваҷҷӯҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати дастрасии қишри осебпазири
ҷомеа ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Ба роҳ
мондани раванди низоми таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи
ғамхориҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат буда, ба таъмини баробарҳуқуқии
шахсони дорои маъюбият ва соҳибмаърифат гардидани онҳо мусоидат менамояд.
Дар идома меҳмонон бо шароити китобхона,
иншооти маишӣ ва дигар маҷмӯаҳои ёрирасони муассиса шинос шуданд.

