
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-СИЁСӢ ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРӢ
2024-11-28 21:24:58
Имрӯз дар Коллеҷи муҳандисию
омӯзгории шаҳри Душанбе бо иштироки Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Абдураҳим Шоҳиён, раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва
Наҷибулло Рабизода, директори Коллеҷ, ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Нақши
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди сармояи инсонӣ ва маърифати
ҳуқуқии сиёсии ҷомеа” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардид.
Қайд
гардид, ки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳз дар замони
соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намуд, дар роҳи расидани мардум ба субботи
комил ва ваҳдату ягонагӣ хизматҳои арзанда намуд. Ин ҳизби созанда бо ташвиқи
нақшаву мақсадҳои хеш дар самти таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, худшиносиву
худогоҳӣ ва баҳри ба корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намудани аҳолии мамлакат
саҳми муносиб мегузорад.
“Фаъолияти 30-солаи ҳизб нишон дод, ки Раиси
муаззами он дар атрофи худ қувваҳои солими ҷомеаро ҷамъ ва муттаҳид карда,
тавонистанд ба қалби мардум роҳ ёбанд ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистонро ба оинаи миллат табдил диҳанд. 30 сол дар назди таърих фурсати
хеле кутоҳ аст, вале корҳои басомонрасонидаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
метавонад барои садсолаҳои дигар ба мардум намуна бошад”, - таъкид шуд дар
ҳамоиш.
Зикр
шуд, ки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои бунёди давлатӣ
соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози
иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст. Ҳизби
мазкур бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии
сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда,
донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии
хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ
ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.
Дар анҷоми ҳамоиш ба як қатор фаъолони
муассиса ва ғолибони озмуну олимпиадаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ Сипоснома ва
туҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда шуд.
