
САФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
2024-11-28 21:15:29
Ҳайати
кории Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шарифхон Файзов, сардори шуъбаи муносибатҳои
байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа рӯзҳои 19-24 ноябри соли 2024 бо сафари хизматӣ
дар шаҳрҳои Пекин ва Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд.
Дар рӯзи
аввали сафар Шарифхон Файзов дар мулоқот бо муовини директори генералии
Ассотсиатсияи таҳсилоти касбии Чин (CVEA) ҷаноби Пэн Линго ҷиҳати муаррифии
сохтор ва фаъолияти Кумита суханронӣ намуда, дар мавриди ташаббус ва талошҳои
Кумита барои таҳкиму густариши низоми зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Ҳамзамон, ӯ нақши муҳим ва муассири
шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла CVEA-ро дар самти пешрафти низоми таҳсилот дар
кишвар таъкид намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори умедворӣ кард.
Ҷаноби
Пэн Линго аз ҷониби худ изҳор намуд, ки бо пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи
хирадмандонаи сарони ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои муштарак бо ҷониби
Тоҷикистон ҳавасманд мебошанд ва дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои дуҷониба, ки ба
самти рушди зинаи таҳсилоти касбӣ равона шудаанд, талош хоҳанд кард.
Дар мулоқот, инчунин, паҳлӯҳои дигари
ҳамкориҳои дуҷониба, роҳҳои муассири рафъи мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ва
роҳандозии табодули донишу таҷриба байни коршиносони соҳавии ду ҷониб матраҳ
гардиданд.
Мулоқоти
мазкур ҷиҳати мубоҳисоти созанда, баррасии имконоти ҳамкориҳои оянда ва
мубодилаи донишу таҷрибаҳои пешқадам заминаи мусоидро фароҳам овард.
Сафари
ҳайат бо маросими расмии табодули тӯҳфаҳо ба анҷом расид, ки он рамзи
муносибатҳои мустаҳкам ва омодагии тарафайн ба густариши ҳамкориҳои минбаъда
дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ба ҳисоб меравад.
Боздиди
мазкур аҳамияти саъю талошҳои пайвастаро ҷиҳати такмили зинаи таҳсилоти касбӣ
дар Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки барои рушди неруи кории
оянда таъсири мусбат мерасонанд, таҷассум мекунад.
Дар рӯзи дуюми сафари расмии худ ба
шаҳри Пекин ҳайати Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор чорабиниҳои муҳим, ки ба мустаҳкам
кардани муносибатҳои шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар
самти таҳсилоти касбӣ равона шудаанд, иштирок намуд.
Аз
ҷумла, ҳайат ҷиҳати боздид аз қароргоҳи Ташкилоти “NALIKE” (NALIKE International
Education Technology), ки бо Кумита моҳи марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо намуда буд, сафарбар гардида, зимни мулоқот бо
роҳбарияти он роҳҳои рушди минбаъдаи лоиҳаҳои муштараки соҳаи таҳсилоти касбиро
баррасӣ карданд. Дар ҷараёни музокирот, инчунин, масъалаи роҳандозии навоварӣ
дар соҳаи таҳсилот ва ҳалли мушкилот дар ин замина, мавриди муҳокимаи ҷонибҳо
қарор гирифт.
Инчунин,
ҳайат дар Семинар оид ба баланд бардоштан ва рушди малакаҳои техникӣ байни
Тоҷикистон ва Баодини Чин иштирок намуд. Шарифхон Файзов бо намояндагӣ аз
Кумита дар семинари мазкур суханронӣ намуда, ба вусъати доираи ҳамкориҳои
муштарак дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва аҳамияти муҳим доштани мубодилаи донишу
таҷриба ва ҳайатҳои корӣ таъкид намуд. Дар баромади худ ӯ, инчунин, ба зарурати
ҳамоҳангсозии талошҳо ҷиҳати омода кардани донишҷӯён ва мутахассисон барои
вокуниш нишон додан ба таҳдидҳои муосир дар соҳаи техникӣ-технологӣ ишора
намуд, ки муҳиму саривақтист.
Зимни чорабинӣ байни ҳайати Кумита ва
намояндагони ҳукумати маҳаллии Баодин, Идораи маорифи шаҳрии Баодин ва Коллеҷи
касбӣ-техникии Баодин табодули афкор сурат гирифт. Ин мубоҳисаҳо ба
ҳамдигарфаҳмии умумӣ дар самти мустаҳкам кардани ҳамкорӣ интиҳо ёфта, ҷонибҳо
омодагии худро барои фаъолона амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва қонеъ
гардонидани эҳтиёҷоти зинаи таҳсилоти касбӣ изҳор намуданд.
Дар
интиҳои чорабинӣ маросими тақдими туҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифта, чонибҳо аз
натиҷаи семинари мазкур изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Рӯзҳои
20-22 ноябри соли 2024 дар шаҳри Тянҷини Хитой Конфронси ҷаҳонии рушди
таҳсилоти касбӣ ва техникӣ баргузор гардид, ки ҳайати Кумита барои иштирок дар
чорабинии мазкур даъват гардиданд. Ин ҳамоиш дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор
гардида, дар он намояндагони баландпояи соҳаи таҳсилоти касбии бисёре аз
кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд. Тибқи барномаи чорабинӣ роҳбари ҳайат
Шарифхон Файзов дар конференсияи “Навоварӣ - таҳкимбахши оянда, маҳоратҳо
равшанбахши ҳаёти нав” роҷеъ ба мақоми Кумита, самтҳои фаъолияти он, дастовардҳои
дар чанд моҳи фаъолият бадастомада ва мушкилоти соҳа суханронӣ намуд, ки аз
ҷониби иштирокчиён хуб пазируфта шуд.
Дар
чорабинӣ роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои ҳамсони давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати
барқарор намудани равобиту ҳамкориҳои дуҷониба бо Кумита мароқ зоҳир намуданд.
Гуфта шуд, ки қарор аст муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи касбии ҷониби Чин дар якҷоягӣ бо Кумита моҳи апрели соли 2025
чорабинии сатҳи баландро дар мавриди рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ ва малакаҳо
баргузор намоянд, ки ин иқдом ҷиҳати муаррифии бештари Кумита мусоидат намуда,
барои вусъат додани доираи ҳамкориҳои байналмилалии он замина мегузорад.
Пас аз
анҷоми чорабиниҳои илмӣ санаи 22 ноябр ҳайати Кумита ба шаҳри Пекин раҳсипор
гардида, барои тамошо ба мавзеъҳои таърихии шаҳри Пекин сафарбар карда шуданд.
Дар
маҷмӯъ, сафари кории мазкур мусбат арзёбӣ гардида, он барои роҳандозӣ ва
таҳкими робитаҳои хориҷии Кумита муфид аст.