
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ
2024-11-22 21:20:05
“Парчами
миллӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо,
таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин
ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон
мебошад”.
Эмомалӣ
Раҳмон
Дар идомаи 32-солагии таҷлили Иҷлосияи ХVI тақдирсози миллат бо муҳаббат ва
самимият ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама,
арҷ гузоштан ба таърихи парчамдории аҷдодон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо
дар роҳи эъмори давлати мустақилу соҳибихтиёр аст.
Имрӯз халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён дар қатори мардуми сарсари
давлатҳои сайёра бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол ва фазои орому осуда зери
Парчами миллӣ ба меҳнати фидокорона барои сарсабзию шукуфоии диёр саҳм гузошта,
аз сиёсати ояндасози давлати ҳукумат ва Сарвари хирадманди худ Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунанд.
Мо огоҳ ҳастем, ки дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон (1992) дар баробари ба ҷаҳониён эълон доштани барқарор шудани
ҳокимияти конститутсионӣ се муқаддасоти давлатдорӣ, се рамзи ҳастӣ ва
соҳибихтиёрии давлату миллат – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ қабул карда
шуданд.
Дар таърихи ҷаҳон парчам аз давраҳои
қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчами давлатии Тоҷикистон ба ин
маъно ифодагари мақсаду маром ва таҷассумгари давлатдории миллати куҳантаърихи
мост. Аз ин лиҳоз чуноне ки Сарвари давлат, таъкид намуданд: «Парчами имрӯзаи
давлати яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо,
таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва размҳои давлатдории тоҷикон, инчунин
ифодакунандаи мақсаду мааром ва орзуву ормонҳои таъмоми мардуми Тоҷикистон
мебошад».
Дар доираи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва
Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Дар ин замина, эълон шудани Рӯзи
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, баргузории он дар замири ҳар
фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш
кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.
Парчами миллии имрӯзаи давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои дигари давлатӣ
намоди истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро
дар намуди ба худ хос инъикос мекунад. Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва
сабз, талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқи тоҷикро баҳри озодиву истиқлол,
худшиносию меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю
поянда, осудаву устувор ифода мекунад. Он рукни асосии муқаддасоти миллӣ ба
шумор меравад.
Қобили таъкид аст, ки бо дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси
масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегардад, зеро дар тамоми
кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ садоқату эҳтиром
зоҳир карда мешавад.
Агар ба таърих назар кунем, сарчашмаҳои
таърихӣ ишорат бар он доранд, ки калимаҳои “парчам”, “алам”, “дирафш” ва
“байрақ” дар миёни аҷдодони мо аз қадим маълум ва машҳур буда, чун рамзи
давлатӣ корбурд шудаасту дар гузашта дар баробари давлат лашкаркашону сипоҳиёни
номдор парчами худро доро буданд. Аз ин рӯ, парчам таърихи хеле қадим дорад.
Дар аксари сарчашмаҳои қадими гуногун мазмун оид ба «Диравши ковиёнӣ»
маълумот оварда шудааст. Ба андешаи таърихнигорон аввалин намунаҳои парчам дар
хиттаи фарҳангу тамаддуни ориёӣ дониста шудааст. Масалан дар «Авасто», ки
сарчашмаи қадима ба ҳисоб меравад, дар бораи парчам ва тарзи истифодаи он
иттилои бисёр муфид омадааст ва бо таъсири он баъзе ҷиҳатҳои таърихии ин
масъала дар асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ - «Шоҳнома» ва дигар осори
таърихиву адабӣ акс ёфтаанд.
Ҳамин тавр, парчам ифтихор аз
сарбаландии миллат аст ва он дар замони Истиқлолияти давлатии Чумҳурии
Тоҷикистон чун рамзи баҳамоии миллат шинохта шуда, он дар мамолики хориҷӣ
ҳангоми ғолибият дар мусобиқаҳои варзишӣ афрохта мешавад.
Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони
Тоҷикистони азиз, зери парчами давлати худ манфиатҳои умумимиллиро ба даст
оварда, ба устувории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, забону
фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамьиятӣ ва сулҳу суббот кору фаъолият доранд.
Таьрихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки парчам ва бузургдошти он
барои ҳар як сокини кишвар муқаддас буда, бо шарофати ҷилои он мардум бештар муттаҳид
ва боиси анҷоми амалҳои нек гашта, ифтихори зиёдеро дар замири худ мепарастанд.
Давлатзода Баҳрулло Раҳмон,
муовини якуми раиси Кумита оид ба
таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон