
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2024-10-31 21:42:46
31 октябр таҳти раёсати Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар баробари дигар соҳаҳо бахши
энергетика низ мавриди таҳлил қарор гирифта, Сарвари давлат супориш доданд, ки
татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру
ноҳияҳои кишвар таъмин гардида, дар самти ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва
баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии
маблағ аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.
Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилот
супориш доданд, ки корҳоро барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани зимистон дар
ҳамаи соҳаҳо, бахусус муассисаҳои иҷтимоӣ ҷоннок намоянд.
