
ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ” БАРГУЗОР ШУД
2024-10-31 18:09:27
Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон 29-уми октябри соли
2024 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе даври аввали
озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” баргузор шуд.
Дар озмун
донишҷӯёни факултетҳои муассиса аз рӯйи чор номинатсия - эҷоди шеъри беҳтарин
дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати шеъри беҳтарин дар васфи шаҳри
Душанбе, иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахт ва суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар
васфи пойтахти мамлакат иштирок карда, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд.
Ҷараёни озмунро аъзои ҳакамон баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро ба даври ноҳиявӣ
пешниҳод карданд.
Озмуни мазкур
дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор мешавад.
Он аз 1 октябр дар се давр оғоз гардида, то 15 декабри соли 2024 идома меёбад.
Ҷамъбаст ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмун дар арафаи
таҷлили Рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрели соли 2025) баргузор карда
мешавад.
Озмуни мазкур байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи
умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти
иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе, эҷодкорону
ҳаваскорон ва намояндагони касбу кори гуногун, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе
зиндагӣ, фаъолият ва эҷод менамоянд, баргузор мешавад.
Ҳадаф аз
баргузории он дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои
маҳорати баланди ровигию наттоқӣ ва сарояндагию овозхонӣ мебошад.